хандинкамон

Саҳнаи созандаи “Хандинкамон” аз чӣ мегӯяд?

Театрстудияи “Хандинкамон” саҳнаи навашро аз консерти солинавӣ бо номи “Меҳмон дар Соли нав” нашр намуд.

Сужаи саҳна аз беэҳтиромӣ нисбат ба волидон ва шаҳршинони бемеҳру густох гуфта, муаллифон кӯшиш кардаанд, ки ба воситаи ҳаҷв камбудиҳои бархеро ошкоро бигӯянд.

Дар саҳнаи мазкур дида мешавад, ки марди хона аввал талқин мекунад, ки дар шаби Соли нав ҳамсару писараш дастархони идона ороянд, вале баробари омадани хушдоманаш онро меғундоранд. Пасон бо ҳар дӯғу пуписа меҳмонро гусел карда, дастархонро аз нав меандозанд, аммо ин навбат падари худаш бо меҳмони ҳанӯз норафта меоянд. Хуллас, якҷо Соли навро ҷашн мегиранд ва онҳо тавонистаанд, ки муносибати як нафарро бо волидон нишон диҳанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳоло Театрстудияи “Хандинкамон” аз ҷумлаи таъсиррасонтарин гуруҳҳои ҳаҷвӣ дар саросари кишвар маҳсуб ёфта, пайваста дар саҳнаҳои ҳаҷвиаш аз мушкилоти ҷомеа мегӯяд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *