подвал

Имдодгарон ба кумак расиданд. Ду таҳхона аз об пок шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз ду ҳолати муроҷиати шаҳрвандон ва расонидани кумак ба онҳо хабар дод.

— 22-юми январи соли 2023 соати 09:23 ба Қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки таҳхонаи гимназияи №9 ба номи Асадулло Ғуломов воқеъ дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз об пур мешавад. Занги дуюми телефонӣ ҳам аз пур шудани оби таҳхона дар як бинои истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Сино расид,- меафзояд манбаъ.

Манбаъ хабар медиҳад, ки имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти вижаи обкаш оби таҳхонаҳоро берун кашида ва биноҳоро аз хатари эҳтимолӣ наҷот додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *