Садамаи нақлиётӣ дар Қубодиён: Писарбачаи ноболиғ ба ҳалокат расид

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз садамаи нақлиётие хабар дод, ки боиси ҳалокати як писарбачаи ноболиғ шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, 22-юми августи соли 2023, тахминан соати 21:40 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс” Очилдиев Фирӯз Дилшодович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Қубодиён ба самти ҷамоати деҳоти М. Ниёзов аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, пиёдагардон Қурбонова Нодира Мамадиевна, соли таваллудаш 1985, ноболиғ Қурбонов Абдураҳим Қосимович, соли таваллудаш 2010 ва хурдсол Қурбонов Ҳасан Қосимович, соли таваллудаш 2021, сокинони ҳамин ноҳияро, ки роҳро аз тарафи рост ба тарафи чап убур мекарданд, пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Қурбонов А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Қурбонова Н. ва Қурбонов Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *