Рақами нави Дембеле дар “ПСЖ”

Футболбози бомаҳорати фаронсавӣ Усмон Дембеле бар ивази 50 миллион евро аз “Барселона” ба “ПСЖ” гузариш кард. Ӯ рақамеро, ки бо он дар ҳайати бошгоҳи “ПСЖ” ба майдон мебарояд, интихоб кард.

Рақами нави футболбоз 10 мебошад. Бо ин рақам то ду ҳафта пеш дар ҳайати дастаи фаронсавӣ футболбози бразилиягӣ Неймар ба майдон мебаромад.

Усмон Дембеле дар шароите ба “ПСЖ” гузариш кард, ки аксари ҳаводорони футбол, махсусан мухлисони бошгоҳи “Барселона” ба он бовар надоштанд, зеро ӯ дар ҳайати асосии даста буд ва яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекард.

Дар ҳоли ҳозир дар макони Дембеле дар “Барселона” Рафиня бозӣ мекунад, ки то вақти будани футболбози фаронсавӣ ӯ дар ҳайати захиравӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *