Садамаи нақлиётӣ дар Шаҳристон: Ноболиғ дар беморхона ба ҳалокат расид (аудио)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз садамаи марговаре дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, 27-уми августи соли 2022, тахминан соати 11:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Хендай-Аванта» Раҳимов Даврон Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идора воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ҷӯразода Суннат Салоҳиддинӣ, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи Шаҳристонро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Ҷӯразода С. С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

— Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *