Дар садамаи Русия чанд тоҷик ба ҳалокат расидаанд? (аудио)

Дар натиҷаи садамаи як мошини сабукрав бо борбардор дар Русия чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса шоми 28-уми августи соли 2022, соати 20:11 дар дохили базаи меваю сабзавоти маъруф бо номи “Софийская овощебаза” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия рух додааст. Ронандаи мошини тамғаи “Chevrolet Lanos” аз уҳдаи идораи мошин баромада натавониста, бо суръати баланд ба як мошини фураи притсепдори тамғаи “Man” бархӯрдааст. Дар ин мошин 5 шаҳрванди Тоҷикистон савор будаанд. Дар натиҷаи садама ронандаи мошин, ки 23 сол доштааст ва ду мусофираш, ки 20 ва 21 сол доштаанд, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд. Ду мусофири дигари 21-соларо бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон бурдаанд. Вазъи яке миёна ва дигаре вазнин арзёбӣ мешавад.

Исми ҳалокшудагон нашр шудааст, ки онҳо зодагони деҳаи Зарнисори ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич Худойбердиев Сарвар, соли таваллудаш 1998, Ҳазратқулов Фаррух, соли таваллудаш 2001 ва Холматов Хушнуд, соли таваллудаш 2002 мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *