Садамаи нақлиётӣ дар Душанбе. Чанд мошин ба ҳам бархӯрданд
Дар маркази шаҳри Душанбе боз як садамаи вазнин рух дод. Чандин мошин ба ҳам сахт бархӯрданд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бегоҳи имрӯз, 17-уми июн, соати 17.58 дақиқа дар чорроҳаи кӯчаи С.Айнӣ — хиёбони Рудакӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемри» рақами қайди транзитиаш С33-30 Т07 ҳангоми ҳаракат ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, дар ранги сурх бо суръати баланд автомашинаи худро идора кардааст. Дар натиҷа ба се адад воситаи нақлиёт бархӯрдааст.
Ронандаи автомашинаи «Тайота Кемри» ҷавони 27 — солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати начандон вазнин ба саломатӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ, ки бо айби ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемри» рух додааст, се адад автомашина ва як адад автобуси мусофиркаш зарари гуногуни техникӣ дидаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, таҳқиқи пешакии ҳодиса идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ