Садамаи се мошин дар роҳи Душанбе — Варзоб. Як ронанда сахт осеб дидааст

Дар километри 60-уми шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд як мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz-Atego” ба ду боркаши дигари тамғаи “ДУЛАН” бархӯрдааст ва аз ин ронандаи “Merсedes-Benz-Atego” сахт маҷруҳ шуда, дар бемористон бистарӣ гардидааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, ин ҳодиса рӯзи 30-юми январ тахминан соати 12:10 дақиқа рух додааст.

Мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz-Atego”, ки аз ҷониби як сокини 27-солаи деҳаи Ругуни шаҳри Истаравшан идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд бо сабабҳои номаълум ба 2 мошини борбари тамғаи “ДУЛАН” бархӯрдааст. Яке аз ин ду мошин мутааллиқ ба як истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ ба сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе будааст.

Дар ин бархӯрд ронандаи “Merсedes-Benz-Atego” шадидан осеб дидааст ва ӯро фаврӣ ба беморхона бурдаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *