дарахт

Хатлон: Беш аз 110000 сомонӣ ҷарима барои қонуншиканӣ

Дар соли сипаришудаи 2022 мутахассисони Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон 917 санад барои қонуншиканӣ тартиб додаанд. Аз ин шумора 26 санад барои шикори ғайриқонунии ҳайвоноту парандагон аст.

Мираҳмад Давлатов — муовини сардори Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки 150 санад барои худсарона чаронидани чорво, дар 26 ҳолат шикори ғайриқонунӣ, зиёда аз 190 ҳолат ҷамъоварӣ кардани маҳсулот аз ҷангал, 520 санад барои буриши худсаронаи дарахтон ва 25 санад барои дигар қонуншиканиҳо тартиб дода шудааст. Ӯ афзуд, онҳое, ки нисбати ҷангал қонуншиканӣ кардаанд, беш аз 110 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Гуфта шуд, ки соли 2022 дар вилояти Хатлон наздики 400 гектар ҷангал бунёд шуда, 675 гектар ҷангали куҳна дубора барқарор карда шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *