сафири Қатар

Сафири Қатар дар Тоҷикистон эътимоднома супорид

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдурраҳмон Муборак Ан-Насрро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намудаанд.

— Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Давлати Қатарро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *