Садамаи занҳои зиёд дар “Портер”: Ҷабрдида ронандаро гунаҳгор намедонад
30-юми июни соли равон, наздикии бегоҳ як мошини тамғаи “Портер” ба садама дучор шуд, ки дар дохили он шумораи зиёди занон буданд. Ҳодисаро ҳар кас ҳаргуна шарҳ медод. Яке мегуфт, ки ронанда бо телефон банд шуда, мошин аз роҳ баромада рафтааст. Дуюмӣ бар он буд, ки “Портер” ба мошини сабукрав бархӯрдааст. Сеюмӣ мегуфт, ки “Портер” ба ҷӯй чаппа шудааст.
Барои рӯшанӣ андохтан ба асли садама ва шумораи занҳои ҷабрдида бо масъулини хадамоти матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд тамос гирифтем. Аммо гуфтанд, ки одатан, садамаҳоеро ба қайд мегиранд, ки дар онҳо шаҳрвандон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардоранд ё ба ҳалокат мерасанд. Аммо аз ҳодисаи 30-юми июн рухдода бехабаранд.
Ҳудуди 14 нафар зани ҷабрдида
Барои рӯшанӣ андохтан ба ҳодиса ба Беморхонаи шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд рафтем, ки мувофиқи иттилои дастрасшуда, пас аз ҳодиса занҳоро паёпай ба ин беморхона бурдаанд.
Мудири шуъбаи осебшиносии калонсолони беморхонаи мазкур Алишер Дадабоев гуфт, ки дар ҳақиқат бегоҳии 30-юми июн як гуруҳ занҳое, ки ба садама дучор шуда буданд, ба беморхона оварда шудаанд. Аммо аз сабаби ҷараён доштани корҳои таъмир дар беморхона ҳамагӣ се занро, ки ҷароҳатҳояшон ҷиддитар будааст, қабул кардаанду халос.
Ба гуфтаи Алишер Дадабоев, бегоҳии рӯй додани садама тахминан 14 нафар занро ба беморхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд овардаанд. Аммо шумораи занонро Дадабоев низ дақиқан намедонистааст.
— Азбаски дар шуъба корҳои сохтмонӣ рафта истодаву ҷой танг аст, мо се беморро қабул кардем, ки як нафарашон дар шуъбаи осебшиносии калонсолон, ду нафари дигар дар шуъбаи ҷарроҳии асаб бистарӣ шудаанд. Боқимондаро тариқи мошинҳои Ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи вилоятӣ интиқол додем,- афзуд ӯ.
Яке аз он занони ҷабрдида Раъно Умарова мебошад. Номбурда, тавре дар варақаи беморияш қайд шудааст, мутаваллиди соли 1961 мебошад.
— Вақте ин занро оварданд, дар ҳолати вазнин қарор дошт. Дасташ шикасти кушода, яъне устухон пӯстро даронида баромада буд. Хунравии зиёд дошт. Латхӯрӣ ва ҷароҳатҳои қисмати миён дошт. Айни ҳол дасташро гаҷбандӣ кардаву худашро бастарӣ намудаем. Акнун табобати ин бемор 4 моҳ тӯл мекашад,- гуфт мудири шуъба.
«Нисфам дар даруни мошин, нисфам дар берун»…
Баъди суҳбат бо мудири шуъба бо ҷабрдида Раъно Умарова ҳамсуҳбат гардидем. Азбаски худаш мустақилона ҳаракат карда наметавонад ва як дасташ сахт ҷароҳат бардоштааст, ӯро духтараш нигоҳубин мекард.
Зан ба суҳбат розӣ шуд, аммо бо сабабҳои оилавӣ нахост сабти видеоӣ бошад. Умарова гуфт: “Замона торафт мушкил шуда истодааст. “Танҳо ба нони шавҳар нигоҳ карда нишастан хато” гуфта, азбаски ҳунар ё маълумоти олӣ надорам, 10 сол боз мардикорӣ мекунам. 54-сола ҳастам ва 5 фарзандро хонаю дардор кардам. 4 духтарамро ба шавҳар додам. Хулоса, “меҳнати ҳалол ҳеҷ гоҳ ҷойи шарму айб нест” гуфта, ба зиддияти фарзандонам ва шавҳарам нигоҳ накарда, кор мекунам. Рӯзи якуми июл зодрӯзи духтарам буд. “Пул аз худам барояд, ду-се рӯз кор карда, ягон туҳфаи хубтар мехарам” гӯён, ба гармии тоқатфарсо нигоҳ накарда, ба саҳро сабзичинӣ рафтам. Дар як рӯз 60 сомонӣ ҳаққи корӣ мегирифтам. Ба ҳаминаш ҳам шукр гуфта, аз корам хурсанд будам. Ду рӯз пеш аз ҳодиса шавҳарам гуфтанд, ки “ҳаво беҳад гарм, бемор нашавӣ, кор нарав”. Аммо илтимос карда, мардакамро розӣ кунонидам, ки ба кор равам.
Ҳамсуҳбатамон ҳодисаи рухдодаро чунин қисса кард: “Рӯзи 30-юми июн ҳам пагоҳ то бегоҳ дар кор будем. Баъди кор пулҳоямонро гирифта, ҳама занҳо шоду хурсанд ба “Портер” савор шудем, ки аз тарафи Офтобрӯя сӯи ҷамоати Унҷӣ, яъне хонаҳоямон меомадем. Дар дохили “Портер” чанд зан буд, дақиқан намедонам. Аммо тахминан 17-18 кас будем. Яке гумбурос ва доду войи занҳо баланд шуд. Пеши чашмони ман сип-сиёҳ шуд. Он вақт “Портер” каме аз роҳ баромада, яктарафа чаппа шудааст. Шофёри бечора аз мо зиёд тарсидагӣ буд. Чор тараф “ёрӣ диҳед” гӯён, одамонро фарёд мекард. Аз ғояти тарс “Портер”-и вазнинро худаш як тараф тела дода, занҳоро мебаровард. Дар гармии дард ҳис накардам, ки ба ман чӣ шудааст. Ҳатто ба ронанда кумак карданӣ шуда, аз ҷоям хезам гуфтам, ки нашуд. Бинам, нисфам дар даруни мошин асту нисфи баданам дар берун. Шофёр “холаҷон, натарсед” гӯён, об пошид. Як вақт ҷойи шикастаи дастамро бинам, хун мисли фонтан фаввора зада рехта истодааст. Пӯсташ овезон, устухон шикаста берун баромадааст. Миёнам кам-кам дард мекард. Аммо дар гармияш он қадар шиддати дардро ҳис накардам. Вале аз дастам ва хунравияш сахт тарсидам”.
— Мо ронандаро гунаҳгор карданӣ нестем. Бечора ҷавон аст, ҳоло ақаллан оиладор нест. Ӯ ҳам аз мо зиёд тарсид ва шояд ҷароҳат ҳам бардошт. Ҳоло табобати ҳар яки моро пурра ба зиммаи худ гирифтааст. Ин ҳодисаро, ки ба сари ман ва дигар мардикорзанҳо омад, шахсан ман аз қисмати пешонӣ медонам,- афзуд Умарова.
Фарзона МУРОДӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ