Тартиби гирифтани патент

Фирӯза Сатторӣ

 “Хоҳӣ бошӣ дар амон — ҳуқуқҳоятро бидон!

Маводҳои кортҳои электронӣ дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо савдои одамон” таҳия шуда, ҳадаф аз ин маводҳо кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ мебошад.  

 Тартиби гирифтани патент

  1. Патент барои чӣ лозим аст?
  2. Тартиби гирифтани патент
  3. Барои гирифтани патент кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?
  4. Нозукиҳои патент
  5. Мӯҳлати амали патент
  6. Патентро чӣ гуна тамдид мекунанд?
  7. Тартиби такроран ба расмият даровардани патент
  8. Ташкилотҳое, ки ба муҳоҷирон ёрии амалӣ мерасонанд

1. Патент барои чӣ лозим аст?

Муҳоҷирати меҳнатии бехатар танҳо ҳамон вақт имконпазир аст, ки муҳоҷир қонунҳои кишвари қабулкунандаро риоя намуда, танҳо дар доираи қонун кор ва фаъолият намояд. Патент барои ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатии қонунӣ ҳуҷҷати муҳимтарин ба шумор меравад. Шаҳрвандони хориҷие, ки бо тартиби бе раводид, яъне бе виза ба Федератсияи Русия ворид мешаванд ва ба синни 18-солагӣ расидаанд, танҳо дар асоси патент метавонанд фаъолияти меҳнатии худро дар назди шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монанд.

2. Тартиби гирифтани патент

  1. Барои гирифтани патент дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан ба Федератсияи Русия муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба мақомоти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР муроҷиат намояд.

 3. Барои гирифтани патен кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?

Барои гирифтани патент ба Сарраёсати оид ба муҳоҷирати меҳнатии ВКД. ФР. ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:

  1. Аризаи барои патент ба шаҳрванди хориҷӣ
  2. Шиносномаи хориҷӣ
  3. Нусхаи тарҷумашудаи шиноснома, ки бо муҳри нотариалӣ тасдиқ шудааст.
  4. Корти муҳоҷиратӣ, ки дар он мақсади сафар “работа” қайд шуда бошад.
  5. Полиси суғуртаи тиббӣ ДМС
  6. Сертификати тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ, ки баъди гузаштан аз комиссияи тиббӣ барои гирифтани патент дода шудааст.
  7. Ҳуҷҷати натиҷаи тести имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи Россия, ки муҳоҷир дар Тоҷикистон ё Рссия супурдааст.
  8. Маълумотнома дар хусуси он ки муҳоҷир худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштааст.
  9. Расид-квитанияи супурдани андоз (НДФЛ) барои патент.
  10. Акси 3х 4
  11. Рақами мушаххаси андозсупоранда-ИНН
  12. Ҳуҷҷат дар бораи супурдани ҷарима (агар муҳоҷир мӯҳлатеро, ки барои гирифтани патент муайян шудааст, гузаронида бошад)
потент 1

Вақте ки ҳуҷҷатҳои зикршударо дар шакли пурра пешниҳод месозед, нусхаи ариза бо қайди таърихи қабули он ба шаҳрванди хориҷӣ, яъне муҳоҷири меҳнатӣ баргардонида мешавад.

Патент дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи рӯзи қабули ариза бо ҳама ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба расмият дароварда мешавад. Барои гирифтани патент шахси муроҷиаткунанда бояд шахсан ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ки аз ҷониби Федератсияи Русия эътироф шудааст.

2. Санад (квитаниция –и пардохт, ки пардохти андоз аз даромади шахсони воқеиро дар шакли пешпардохти собит ба давраи эътибори патент тасдиқ менамояд.

2АШ

      4. Нозукиҳои патент

Патент нозукиҳои худро дорад ва ҳар як муҳоҷир бояд онҳоро донад.

  1. Патент ба шумо ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро танҳо дар ҳудуди ҳамон субъекти Федератсияи Русия, ки дар он ҷо дода шудааст, медиҳад. Шумо наметавонед фаъолияти меҳнатии худро берун аз ҳудуди он субъекти Федератсияи Русия, ки патентатонро ба расмият даровардааст, анҷом диҳед, масалан агар дар шаҳри Маскав соҳиби патент шуда бошед, наметавонед бо ҳамон патент дар Якутия ё минтақаи дигари Русия кор ва фаъолият намоед.
  2. Патент барои кори муайян дода мешавад. Муҳоҷир бояд аз рӯйи ҳамон намуди фаълияти меҳнатӣ, ки дар патент нишон дода шудааст. Шумо ҳуқуқ надоред, ки дар ҳудуди субъекти зикршудаи Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатиро аз рӯи касбе (ихтисос, вазифа, навъи фаъолияти меҳнатӣ) анҷом диҳед, ки дар патент нишон дода нашудааст, масалан, агар патент барои корҳои сохтмонӣ дода шуда бошад, бо он ронандагӣ кардан имкон надорад…

5. Мӯҳлати амали патент

1. Патент ба мӯҳлати аз як моҳ то 12 моҳ, яъне як сол дода мешавад. 2. Мӯҳлати эътибори патент ба даврае тамдид шуда ҳисобида мешавад, ки андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар шакли пешпардохти собит пардохтшуда бошад.

  1. Дар муддати ду моҳ аз рӯзи додани патент муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки ҷойи кор пайдо намуда, нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартнома шаҳрвандӣ-ҳуқуқиро барои иҷрои корҳо (хидматрасониҳо) шахсан ё бо воситаи почтаи фармоишӣ бо огоҳиномаи расонидан ба Сарраёсати ВКД ФР оид ба масъулаҳои муҳоҷират ирсол намояд.

6. Патентро чӣ гуна тамдид мекунанд?

Патент аз ҷониби мақомоти ҳудудии Сарраёсати ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба мӯҳлати аз як то дувоздаҳ моҳ дода мешавад. Дар ин давра, агар шумо андозро сари вақт супоред, зарурати такроран ба мақомоти ҳудудии Сарраёсати ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират муроҷиат кардан пеш намеояд, зеро мӯҳлати эътибори патент ба даврае тамдидшуда ҳисобида мешавад, ки андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар шакли пешпардохти собит пардохта шуда бошад. Дар акси ҳол, мӯҳлати эътибори патент аз рӯзи ояндаи рӯзи охирини даврае қатъ мешавад, ки андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар шакли пешпардохти собит пардохт шудааст.

7. Тартиби такрорран ба расмият даровардани патент

Муҳоҷирони меҳнатӣ на дертар аз 10 рӯзи корӣ, то гузаштани дувоздаҳ моҳ аз рӯзи додани патент ҳуқуқ доранд, ки ба Сарраёсати ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират, ки патентро додааст, барои такроран ба расмият даровардани патент муроҷиат намоянд.

Барои такроран ба расмият даровардани патент шахсан ё ба воситаи ташкилоти аз ҷониби субъекти Федератсияи Русия ваколатдоршуда бояд бастаи ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:

1. Ариза дар бораи такроран ба расмият даровардани патент.

2. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият.

3. Корти муҳоҷират бо нишондоди мақсади вуруд «кор».

4. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз.

5. Полиси тиббӣ ё шартномаи эътибордошта бо созмони тиббӣ.

6. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи надоштани беморӣ, сирояти ВНМО (ВИЧ).

7. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия.

8. Дархости кордиҳанда дар бораи такроран ба расмият даровардани патент.

9. Шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шаҳрвандӣ- ҳуқуқӣ барои хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо.

Патентро ба мӯҳлати аз як то дувоздаҳ моҳ такроран ба расмият даровардан мумкин аст. Мӯҳлати умумии эътибори патент бо дар назардошти тамдидҳо наметавонад аз рӯзи такроран ба расмият даровардани патент беш аз дувоздаҳ моҳро ташкил диҳад.

     8. Ташкилотҳое, ки ба муҳоҷирон  ёрии амалӣ мерасонанд

Дар сурати дучор гаштан бо мушкилиҳо шумо метавонед ба ташкилоҳои зерин муроҷиат намоед:

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Москва

  • Суроға: 123100, Федератсияи Русия, Москва, кӯчаи Звенигородская 2, хонаи 12
  • Телефон: +7 (495) 797 87 22,
  • Факс: + 7 (499) 253 35 22
  • Вебсомона: www.moscow.iom.int
  • «Телефонибоварӣ» 8-800-333-00-16
потент 2

Маркази ягонаи муҳоҷират

  • Суроға: 143441, Вилояти Москва, ноҳияи Красногорск, шаҳраки Путилково, 69 км дуртар аз роҳи автомобилгарди давродари Москва (МКАД) Маркази тиҷоратии «ГРИНВУД», биноҳои 5 ва 6
  • Почтаи электронӣ: http://migrantcenter.ru
  • Телефон: 8(495)755-9000
3 мухочират

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

  • Суроға: 123001, Федератсияи Русия, ш. Москва,
  • Гранатный пер.13 (метрои Баррикадная)
  • Факс: (495) 691-89-98
  • Почтаи электронӣ: [email protected]
  • Телефон: + 7 (495) 690-38-46, 690-41-86
4 патент

Хадамоти Консули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

  • Суроға: Федератсияи Русия, ш. Москва,
  • Скатертный пер. 19 (метрои Баррикадная)
  • Факс: (495) 690-02-70
  • Телефон: + 7 (495) 690-57-36
5 патент

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

  • Суроға: 125047, Федератсияи Русия, ш. Москва, кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская 40/3, бинои 1
  • Тел/факс: (+992) 44 640-19-51, (495) 967-98-44, 8-925-880-80-38, 8-906-724-02-02, 8-926-255-09-27.
патент 6

Қабулгоҳи консули ифтихории ҶумҳурииТоҷикистон дар Санкт-Петербург

  • Суроға: 190000, Русия, шаҳри Санкт-Петербург, тангкӯчаи Фонарный, хонаи 3
  • Тел./Факс: (812) 571-61-30
  • Почтаи электронӣ:tj.cо[email protected]
  • Тел.: (812) 571-48-87
КАБУЛИ КОНСУЛИ

Консулгарии генералии ҶумҳурииТоҷикистон дар Екатеринбург

  • Суроға: Федератсияи Русия, ш. Екатеринбург, кӯчаи Гражданская 2
  • Почтаи электронӣ: [email protected]
  • Факс: (343) 370-23-62
  • Телефон: (343) 370-23-60
ЕКАТЕРЕНБУРГ

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа

  • Суроға: шаҳри Уфа, кӯчаи Цюрупи 149
  • Почтаи электронӣ: [email protected]
  • Вебсомона: http://www.tajgеncоnsulufa.ru
  • Факс: (347) 276-52-96
  • Телефон: 8-987-595-02-26
КОНСУЛГАРИИ ГЕНЕРАЛИИ

Похожие новостиподробнее тдж: https://oila.tj/news/tartibi-giriftani-patent

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.