Агентии назорати маориф ДМТ-ро беҳтарин эътироф кард

Дар натиҷаи як таҳқиқоти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти ҶТ ДМТ бо гирифтани 236 хол дар раддаи аввал қарор гирифт. Ин нуктаро ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Номбурда гуфт, ки Агентӣ рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро аз рӯйи 36 нишондиҳандаҳои таълимиву илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ муайян кардааст.

Феълан, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 23 362 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки 17611 рӯзона ва 4968 нафар ғоибона ва фосилавӣ таҳсил доранд.

Дар донишгоҳ таҳсил аз рӯйи 124 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр ва аз рӯйи 84 ихтисос дар зинаҳои магистратура ва 103 ихтисос дар зинаҳои доктор PhD бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *