Садриддин Айнӣ ва Ғафур Ғулом — дӯстии ибратбахши ду пояи ду миллат

Ба истиқболи 140-солагии  устод Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ  на танҳо хазинаи маънавии адабиёти тоҷик, балки хазинаи адабиёти ӯзбекро низ бо асарҳои пурмазмуни худ   ғанӣ гардондааст, ки шоистаи таъриф аст. Устоди табаррук ҳам  бо асарҳои абадзиндаи худ ва  ҳам ҳаёти шахсии худ  дӯстии азалии ду халқ– тоҷику ӯзбекро бо ҳамдигар наздик  намуда,  ба дарахти дӯстӣ, ки онро Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ шинонда буданд, умри дубора бахшид, ҳамхуну ҳамҷон будани ду халқро дар замони нав исбот намуд, ба дили тоҷику ӯзбек ҷой гирифт, эҷодкори маъруфу маҳбуб ва муътабари  ду халқ гашт.

     Фаъолияти соҳаи  адабиётшиносии Садриддин Айниро  бе эҷодиёти Навоӣ, инчунин  шаклёбӣ ва равнақи   навоишиносиро бе тадқиқоти адабиётшиноси бузурги тоҷик  Садриддин Айнӣ тасаввур кардан мумкин нест, зеро  қариб бист соли фаъолияти эҷодии ӯ  ба омӯхтани мероси адабии Алишери Навоӣ масраф шудааст.

     Садриддин Айнӣ дар қатори шоир ва нависандагони тоҷик ба намояндаҳои барҷастаи адабиёти ӯзбек ҳаққи устодӣ дошт.  Бобокалони адабиёти имрӯзаи ӯзбек, лауреати мукофоти давлатӣ, Шоири халқии  Ӯзбекистон Ғафур Ғулом, шоири маҳбуби ӯзбек, сарояндаи дӯстӣ Ҳамид Олимҷон, арбоби баркамоли насри ӯзбек  Абдулло Қодирӣ, академик ва нависанда Ойбек, нависанда ва Арбоби сиёсиии давлатӣ ва ҷамоатӣ Шароф  Рашидов, адиби ширинкалом Абдулло Қаҳҳор, шоир ва тарҷумони маъруфи ӯзбек Миртемир, шоира Зулфия ва дигарон Айниро  ҳамчун устод эътироф намудаанд. Дар ин нигошта, мехоҳам чанд нукта аз муносибати устод Айнӣ бо шоири ӯзбек Ғафур Ғулом ёдовар шавам.

Айнӣ ва Ғафур Ғулом. Ин ду чанори адабиёт, ин ду симои бузург ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар эҷод ба ҳамдигар бисёр наздик буда, ҳамкору ҳамфикрии  онҳо ифодагари азалии дӯстии ду халқ  мебошад. Чӣ тавре ки султони назми ӯзбек Мир Алишери Навоӣ шоири машҳури тоҷик Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомиро барои худ устод хонда буд, шоири оташнафас Ғафур Ғулом низ донишманди адабиёти  Шарқ Садриддин Айниро ба худ устод донист ва шогирди босадоқати ӯ шуда монд.

Ин шиносою наздикӣ, ин дӯстию рафоқат, ки солҳои 20-уми асри гузашта, солҳои мураккаб, пуршитоб, серташвиш ва беҳад зиддиятнок оғоз гашта буд, дар ҷангҳои ғоявӣ обутоб ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар гашт ва ба дараҷаи устоду шогирд расид. Пойдевори ҳамкории Ғафур Ғулом бо устод  Садриддин Айнӣ аз давраҳое, ки Самарқанд  пойтахти  Ӯзбекисон  ҳисоб мешуд, гузошта шуд.

– Вақти дар Самарқанд буданам, – менависад Ғафур Ғулом,– зуд-зуд аз суҳбатҳои домулло Айнӣ баҳраманд мешудам ва дар кори эҷодиам аз устод маслиҳат мепурсидам.

Ғафур Ғулом баъди ба Тошкент кӯчидан низ бо устод  муносибатҳои дӯстиро давом медод, акнун ин алоқамандӣ бо воситаи мактубҳо сурат мегирифт. Дар ин бора ӯ дар ёддоштҳои худ менависад:

– Ман ба хонаи устод зуд-зуд меҳмон мешудам. Дар ин ҷамъомадҳо дӯстони ман  Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Суҳайлӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Камол Айнӣ, Фотеҳ Ниёзӣ  ва дигарон низ ҳозир мешуданд. Ягона ҳоҳиши ман дӯстии  адабиётчиёни  тоҷику ӯзбек устодони бузурги мо дӯстии Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ барин ривоҷу равнақ ёфтан аст.

Дар бораи устод гуфтани суханҳои меҳрбор, мулоҳизаҳои самимӣ, беғубор ва эҳтироснок, ки аз дили шогирд мебаромад, таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб мекард.  Ҷумлаҳои «устоди адабиётчиёни тоҷик ва ӯзбек»,  «классики ин ду халқи ҳамхун», « қадрдони наздики ман, бобои азизи фарзандонам»-ро, ки Ғафур Ғулом дар ҳаққи устод Айнӣ гуфтааст, хонанда хонда ба ваҷд меояд.

Дар навбати худ устод Айнӣ дар бораи шогирдаш Ғафур Ғулом, дар бораи шахсияти ӯ, асарҳои ҷовидонаи ӯ « Шоири ба таҳсин ва ҳурмат сазовор» ном  мақола менависад. Ин  мақола соли 1927 бо муносибати пешниҳод шудани номзадии Ғуфур Ғулом ба номзадии  Совети Олии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон иншо шудааст. Гарчанде мақола аз ҷиҳати ҳаҷм на он қадар калон аст, аммо устод сифатҳои Ғафур Ғулом, салобат ва иқтидори ӯ, муваффақиятҳои эҷодӣ ва таланти беназири ӯро  яклухт, ҳаматарафа нишон медиҳад. Аз ин мақола бармеояд, ки устод Айнӣ  бо Ғафур Ғулом соли 1926 шинос шудааст:

–  Ғафур Ғулом меваи тезпазаки истеъдоди баланд буда, ман пеш аз вохӯрӣ бо ӯ, ба шеърҳояш, ки тариқи рӯзномаи ҷумҳуриявии «Қизил Ӯзбекистон» нашр шуда буд, шинос будам. Барои ҳамин табиист, ки шиноси пешина барин бо самимият, бо меҳру муҳаббат вохӯрдем, суҳбат кардем…

Устод дар ин мақола ба Ғафур Ғулом  умеди калон доштанашро арз карда, «Шоир ба боварии халқ сазовор шуда метавонад ва сазовор мешавад»-гӯён хотима мебахшад.  Ғафур Ғулом, ки фотиҳаи устоди бузургро гирифта буд, бо эҷоди сермаҳсулу бисёрпаҳлуяш  ба ин боварӣ сазовор гашт.

Ғафур Ғулом ба устод Садриддин Айнӣ, ки дар давраҳои аввалини эҷодиёташ  ӯро дастгирӣ намуда буд, миннатдории худро изҳор намуда, соли 1935 «Ба Айнӣ» шеър эҷод кард, ки дар рӯзномаи «Қизил  Ӯзбекистон» нашр шуд.

 Ғафур Ғулом дар «Устоди муҳтарам» ном мақолаи худ, ки соли 1953 навишта буд, хизматҳои беназири устодашро таъкид намуда, чунин менигорад: «Устод Айнӣ барои барпо намудан ва равнақ ёфтани адабиёти даврони мо қаҳрмонона мубориза  бурда, асарҳои пуразиш офарид, ки ин асарҳо барои қаламкашони ҷавон мактаб шуда истодааст. Асарҳои ин симои бузург  танҳо зинати гулшани адабиёти тоҷик набуда, балки ба  хазинаи адабиёти ӯзбек низ дурдона шуда даромад».

Ғафур Ғулом дар ин мақолаи худ фазилатҳои бебаҳои  эҷодиёти устод Айниро номбар мекунад:

 –Устод дар қатори адиби моҳир ва шоири барҷаста будан, ҳамчун забоншиносу  адабиётшиноси тоҷик низ маълум ва машҳур аст,- таъкид мекунад ӯ, – бо асарҳои пурарзиши худ дар ривоҷу равнақ додани илм ҳиссаи сазовор гузоштааст. Бояд ҷавонони имрӯзаи тоҷику ӯзбек  сирри маҳорати устодро пухтатар омӯзанд, ҳаёт ва эҷодиёти  ӯро нағзтар омӯхта, асарҳои илми-адабӣ офаранд.  Аз таълими падарона ва ёрии беғаразонаи  ин симои бузург ҳам бавоситаи асарҳояш ва ҳам бевосита баҳра гиранд.

–  Зиёда аз 30 сол, ки ман ба ӯ шинос ва дӯст мебошам, – менависад Ғафур Ғулом дар мақолааш, – Вақти дар Самарқанд буданам, зуд-зуд дар суҳбати устод мешудам, дар кори эҷодиам аз  ӯ маслиҳатҳо мегирифтам. Чӣ тавре ки халқи Тоҷикистон ин устоди бузургро иззату ҳурмат мекунанд, мо — ӯзбекон низ ҳамон қадар дӯст медорем, қадру қиматашро баланд мебардорем ва нисбати ӯ дар дили мо меҳру муҳаббати беҳамто ҷӯш мезанад. Президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон ва аз ин пештар аъзои фахрии Академияи фанҳои Ӯзбекистон интихоб гардидани ӯ аз ҳамин шаҳодат медиҳад.

Бахтиёрам, ки бо чунин устоди забардаст  ҳамаср, ҳампеша ва дӯсти наздик мебошам…

– Боз аз ин мефахрам, ки, – менависад Ғафур Ғулом дар мақолаи дигараш, –  устод ҳар гоҳ ба Тошкент ояд, ҳамчун  хонаи худ, ҳатман ба хонаи мо ташриф меоварданд. Дар навбати худ ман низ ба Самарқанд ё Душанбе равам, барои аёдати устод ба хонадони ӯ ташриф меовардам  ва аз он кас дарс мегирифтам…

Айнӣ ва Ғафур Ғулом. Вақте ки сухан дар бораи муносибатҳои дӯстонаи ин ду симои бузург, ки ифодаи рамзии дӯстии ду халқ аст меравад, ба мустаҳкам будани риштаҳои дӯстӣ ва фардои дурахшон ва ибратбахши ду миллат амин мешавем.

Сулаймон Эрматов,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *