Сафарализодаро ҷарима мекунанд ё ҳабс?

Муфаттишон таҳқиқи парвандаи ҷиноии як судяро  анҷом додаанд, ки як моҳ пеш Президент  ӯро аз мақомаш барканор карда буд.

Агентии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон рӯзи 24-уми декабр хабар дод, ки Муҳаббат Сафарализода, судяи собиқи суди шаҳри Турсунзода ба “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ” муттаҳам мешавад. Парвандаи ӯро рӯзи 21-уми декабр бо гирифтани хулосаи ниҳоӣ ба Пркуратураи генерлӣ  фиристодаанд.

Муҳаббат Сафарализодаро моҳи ноябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як фармон аз мақомаш барканор кард. Дар фармон омадааст, ки судя  бинобар “содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз вазифа озод карда шуд.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Муҳаббат Сафарализода ба Мукаррама Усмонова, як сокини шаҳри Турсунзода ваъда додааст, ки дар ивази 3 ҳазор сомонӣ, мусоидат мекунад, то аз тариқи суд  10 ҳазор доллари ӯро аз як сокини дигари шаҳр баргардонанд.Ба қавли муфаттишон, Муҳаббат Сафарализода аз Мукаррама Усмонова 1000 сомонӣ “пул гирифта, барои манфиати худ истифода бурдааст”, аммо ба ваъдааш вафо накардааст.»Мувофиқи ваъда, Муҳаббат Сафарализода мебоист, муҳлати даъвои Усмоноваро барқарор мекард ва суд 10 ҳазор доллари ӯро аз сокини ноҳияи Турсунзода Бобоқулов меситонд» — гуфтааст як манбаъ дар Агентии мубориза бо коррупсия.

Баъд аз ин Мукаррама Усмонова, ба Пркурори генералӣ аз рафтори судя  шикоят бурдааст ва прокуратура  ба зидди Муҳаббат Сафарализода парвандаи ҷиноӣ боз карда ва барои таҳқиқи ҳамаҷониба ба Агентии мубориза бо коррупсия фиристодааст.Як вакили мудофеъ, ки аз ҳуқуқи Муҳаббат Сафарализода ҳимоят мекунад, гуфт, ӯ иттиҳомотро рад мекунад ва худро бегуноҳ мешуморад. Вай гуфт, зерҳимояаш, дар озодӣ аст, чун барои “қаллобӣ” ба ҳабс намегиранд ва агар ӯ ришва мегирифт, он гоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта мешуд. Дар сурати собит шудани иттиҳомот,  мумкин аст, ӯро ҷаримаи бузурге банданд. Барои “тақаллуб бо истифода аз мақоми хизматӣ” ҳамчунин аз 2 то 5 соли зиндон муқаррар шудааст.

озодӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *