Сафаргули 15 сола худро ба дор овехт
Наздикони Сафаргули Сайбурихон, сокини ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ӯ бо рӯмоли сараш худкушӣ намуда ва сабаби ин кораш барои ҳама муаммо аст.
Назира Шарипова, модари Сафаргул дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, 8 май, рӯзе ин ин ҳодиса иттифоқ уфтод, ӯ барои анҷоми корҳои кишоварзӣ ба саҳро рафт: “Духтарам гуфт, очаҷон агар хоҳӣ ҳамроҳат сари замин меравам, дукаса кор кунем, аммо ман гуфтам, ки дар хона касе нест, ки додаратро нигоҳубин кунад. Ӯ бо ханда ва як нигоҳи аҷиб “хайр, очаҷон” гуфту назди додараш рафт”.
Хонум Шарипова мегӯяд, духтараш аз нигоҳи равонӣ солим буд ва дар зиндагӣ ҳам ҳеч мушкил надошт. Аз ин рӯ далели чунин кори ӯро наметавонанд дарк намоянд. Саид Назаров, ҷонишини мудири мактаби №34, ки Сафаргул онҷо таҳсил мекард, мегӯяд, ӯ бо баҳои аъло мехонд ва рафтораш низ намунавӣ буд: “Нағз дар хотирам аст, боре гуфта буд, ки орзу дорад, дар оянда муфаттиш шуда, либоси ҳарбӣ ба бар намояд”.
Дар ҳамин ҳол аз Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ки нисбати ин ҳодиса тафтишот давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ