Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Русия

Ҳайати баландпояи мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофи ҳавоӣ бо Русия ба Москва меравад. Азиз Набизода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон 2 апрел гуфт, ки интизор меравад, фардо, субҳи сешанбе ҳайат озими пойтахти Русия шавад.

Ба ин ҳайат намояндагони ширкатҳои ҳавоӣ, вазорати нақлиёт, умури хориҷӣ ва адлия шомил ҳастанд. «Ҷониби Русия манфиатҳои худро дорад ва Тоҷикистон низ аз манфиатҳои худ ҳимоят мекунад. Фикр мекунам дар ҷараёни музокирот ба ҳалли ин мушкил хоҳем расид»,- афзуд Азиз Набизода.

​Ин дар ҳолест, ки ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон 1 апрел дар як огаҳӣ ба муштариёни худ эълон кард, ки парвози ҳавопаймоҳояш аз Душанбеву Хуҷанд ба ҳафт шаҳри Русияро қатъ мекунад. Ин тасмим, ба гуфтаи масъулони ширкат, «маҷбурӣ» ва бар асоси барқияи «Росавиатсия» гирифта шудааст.

Дар барқияи «Росавиатсия” гуфта шудааст, ки манъи парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ва «Тоҷик Эйр» бо қарори Вазорати нақлиёти Русия сурат мегирад. Ин ширкат гуфтааст, масъала ба тасдиқ нашудани дархости «Уралские авиалинии» дар мавриди иҷрои парвозҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рабт дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *