Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қазон

21 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ин сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Дар ҳамин маврид дафтари матбуоти Кремл хабар дод, ки барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда» тамоми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва як қатор давлатҳои дигар ба Қазон омадаанд.

Дар баробари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои Беларус Александр Лукашенко, Қирғизистон — Содир Ҷабборов, Қазоқистон — Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Ӯзбекистон — Шавкат Мирзиёев дар ин мусобиқа ширкат хоҳанд кард.

Маросими ифтитоҳи нахустин «Бозиҳои оянда» 21 феврал дар Қазон баргузор мешавад ва зӯрозмоиҳо то 3 март идома ёбад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 35 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Онҳо дар панҷ намуд — омехта, барномасозии варзишӣ, Битсейбр ва Ҷастбенг рақобат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *