200000 сомонӣ. Ҷаримаи рекордии хоҷагии коммуналии ноҳияи Панҷ

Дар соли 2023 масъулини хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Панҷ барои дар ҷойи номуайян партофтани партов 200 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар корхонаи мавриди назар шароити корӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин нест.

Саъдулло Бобоҷонов, сардори шуъбаи назорати давлатии истифодаи замин ва муомилот бо партови Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли гузашта дар ноҳияи Панҷ санҷиши нақшавӣ гузоронидем. Ӯ афзуд, ки ба хотири дар атрофи автовакзал партовгоҳи ғайрирасмӣ ташкил кардан масъулини хоҷагии коммуналӣ 200 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

“Масъуини идораи коммуналӣ дар даромадгоҳи ноҳияи Панҷ дар паси автовакзал партовгоҳ ташкил карданд ва мо зарарро 200 ҳазор сомонӣ маълум кардем. Мавод ба суди иқтисодӣ равон шуд. Дар 200 ҳазор сомонӣ ҳалнома баромад ва то имрӯз 10 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст”,- иттилоъ дод номбурда.
Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *