толеънома

Толеъномаи 22-юми феврали соли 2024

Ҳамал

ҳамал

Руҳафтодагӣ ва изтироби зиёд ба саломативу ҳаётатон бетаъсир намемонад, аз ин лиҳоз худро ба даст гиред. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намуда, кори табъи дил ва сердаромадро ҷӯё шавед. Аз робита бо нафарони шубҳанок худдорӣ намоед. Нохуб гаштани вазъи саломатиятон аз эҳтимол дур нест.

Савр

савр

Дар ин рӯз диққати худро ба коре, ки даромади хуб меорад, равона намоед. Нафарони муҷарраде, ки дӯстдошта доранд, бо сабаби ночиз дили ёри худро меранҷонанд. Беҳтараш дарҳол бахшиш пурсед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад. Бегоҳирӯзӣ андаке нотоб мегардед, вале ин нишонаи хастагиятон аст.

Ҷавзо

ҷавзо

Эҳтимоли бемор шудани дил, меъда ва устухонҳоятон вуҷуд дорад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоеду бори вазнин набардошта, кӯшиш намоед, ки асабӣ нашавед. Аз асабонӣ шудани шумо ягон кор роҳи ҳали худро намеёбад. Аз ин рӯ, беҳтараш роҳи ҳалли мушкилиро пайдо намоед. Ҳангоми кор бо асбобҳои нӯгтез ҳушёр бошед. Орзуҳои ошиқонаатон амалӣ намегарданд.


Саратон

саратон

Дар дунё нафари бе камбудӣ нест, аз ин лиҳоз нисбати дӯстон кинояву норизогӣ накунед. Вазъи молиявиатон бо оҳистагӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Барои ошиқон рӯзи мусоид аст, меҳру муҳаббати зиёдро эҳсос намуда, болу пар мебароред. Саломатиятон ташвиш намедиҳад, вале ин маънои онро надорад, ки фориғболӣ намоед.

Асад

асад

Ҳар қадаре маблағи ҷамъкардаи худро пинҳон кунед ҳам, имрӯз маҷбур мешавед пул сарф кунед. Барои эҳтиёҷоти фарзандон, таъмири мошин ва наздиконатон хароҷот мекунед. Инчунин фавран аз пайи ташхиси тиббӣ шуданатон лозим меояд, ки он низ маблағи зиёд талаб мекунад. Бонувон бояд аз баҳсу мунозираи беҳуда бо ҳамсар худдорӣ намоянд.


Сунбула

сумбула

Дар оилаву ҷодаи касбу кор мушкилиҳо сар мезананд. Ҳодисае боис мегардаду дилатон аз шахси дӯстдоштаатон мемонад. Камтарин низоъ боиси аз ҳам ҷудо гаштанатон мегардад. Саломатиро эҳтиёт карда, аз ашёҳои нӯгтез, шиша ва оҳан худро дур гиред. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ низ ҳушёриро аз даст надиҳед.



Мизон

мизон

Дар ин рӯз нуқтаи назари худро ба атрофиён рӯирост иброз намоед. Аз фаъол будани шумо касбу кор, обрӯву нуфуз ва миқдори пулҳои ҳамёнатон вобастагӣ дорад. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, ҳатто ҳангоми зуком ба табиб муроҷиат кунед. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданатон имкон дорад, барои раҳоӣ ёфтан диққати худро ба мушкили шахсони бароятон наздик равона созед.

Ақраб

ақраб

Мушкили асосии шумо дар ин рӯз нофаҳмӣ бо ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон аст. Барои оштӣ шудану ба ҳамдигарфаҳмӣ омадан бояд ба якдигар гузашт карданро омӯед. Эҳтимол даромади пулӣ ба даст меоред, вале ба ёфтани куҳи тиллоӣ умед набандед. Ба саломатии дандонҳо диққати хоса зоҳир намоед.

Қавс

қавс

Дар оилаву касбу коратон баъзе мушкилиҳо пеш меоянд. Ғамхорӣ ва дилсофиятон бар зарари худатон мегардад. Ба чунин нофаҳмиҳо диққат надиҳед. Агар имкон дошта бошед, ба ниёзмандон дасти хайру саховат дароз кунед. Ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез ҳушёр бошед. Ошиқатон ба ҳарфи пурмуҳаббати шумо ниёз дорад.


Ҷаддӣ

ҷаддӣ

Аз субҳи барвақт нафаре табъатонро хира месозад. Аз ҳад зиёд зудбовару сода нашавед ва мушкили дигаронро ба зиндагии худ ворид насозед. Барои баромадан ба сафари роҳи дур, таъмири мошин ва таъмири техникӣ рӯзи мусоид нест. Дар ҳаёти шахсиятон мушкилиҳо сар зада, бо нафарони бадкирдор дӯстӣ пайдо карданатон имкон дорад.

Далв

далв

Дар ин рӯз аз худхоҳиву худпарастӣ худдорӣ намуда, танқиди одилонаро нисбати худ қабул кунед. Баъди нисфирӯзӣ хабари ногаҳонӣ боиси ба мушкилиҳои оилавӣ ворид гаштанатон мегардад. Баъзеҳо бо мушкилиҳои фарзандон саргардон мешаванд. Аз истеъмоли хӯрокҳои вазнин ва нӯшокиҳои газнок худдорӣ намоед.

Ҳут

ҳут

Бо ҳамкорон ва роҳбарияти коргоҳ каме нофаҳмӣ рух медиҳад. Баъзеҳо аз ин моҷаро бурд мекунанд. Ҳаёти шахсии худро махфӣ нигоҳ дошта, ба касе дарди дил накунед. Эҳтимоли фиреб хӯрдану мавриди ғайбату туҳмати бадхоҳон гаштанатон имкон дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *