1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ барои ҳунармандони тоҷик  

Барои дастгирии ҳунармандони тоҷик 60 грант ба маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд.

Дар ин бора 18-уми феврали соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Аз соли 2024 то соли 2026-ум 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ таъсис дода шуд: дар соли 2024 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ, дар соли 2025 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2026 — 20 грант ба андозаи 500 000 ҳазор сомонӣ.

Грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самтҳои ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шуда, фаъолияти муназзами минбаъдаи худро таъмин карда тавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *