Сафари кории Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Вахш
Имрӯз, 7-уми июн раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ, сохтмони иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода аз раванди сохтмони бинои коллеҷи аграрӣ дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш дидан намуд.
Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 48 миллиону 912 ҳазор сомонӣ сохта мешавад. Коллеҷ аз чанд бинои 4 ва 5-қабата иборат буда, барои се ҳазор донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар ин ҷо хобгоҳ барои 1200 хонанда ва бинои хобгоҳи омӯзгорон бо 60 манзили истиқоматӣ бунёд меёбад.
— Мақсад аз бунёди Коллеҷи аграрӣ таъмини соҳаи кишоварзӣ бо мутахассисони касбӣ буда, синфхона, хобгоҳ, ошхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Масоҳати замин барои сохтмон қариб 8 гектарро ташкил дода, харҷномаи умумии лоиҳа 149 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ