Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Луи Женмин дар Душанбе (аудио)

Луи Женмин, ноиби Дабири кулли СММ дар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сарвари давлат, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Луи Женмин дар ҳошияи Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор шуд.

Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои пурсамари Тоҷикистону СММ ва дастгирии ин созмон аз ташаббусҳои Душанбе дар масоили обу иқлим изҳори қаноатмандӣ кард.

«Қабули ҳашт қатъномаи марбут ба об бо иттифоқи оро аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмон, ташкил ва баргузории Конфронси дуюми байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028″ натиҷаи неку назарраси ин ҳамкориҳо номида шуд», — омадааст дар иттилоия.

Коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза ва ҷалби маблағҳо ба ин самт аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Луи Женмин арзёбӣ шуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо дар бораи ҳалли мушкилоти тағйирёбии даври гидрологӣ, истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, обхезиву хушксолиҳо, амнияти озуқаворӣ ва обшавии пиряхҳо табодули андеша кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси Душанбе дар масоили об рӯзҳои 6 — 9 июн бо иштироки намояндагони кишвару созмонҳои байналмилалӣ идома хоҳад дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *