Сафари Президент ба Хатлон (аксҳо)
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 19 октябр ба вилояти Хатлон сафар кард. Нахуст бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул” ба истифода дода шуд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шароити дараҷаи баландтарини хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавасути таҷҳизоти видеоӣ — онлайнӣ дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар ноҳияҳои Лахш, Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истифода супорид.
Дар маҷмуъ дар ин рӯз дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 96 манзили истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа барои 1450 нафар афсарону сарбозон шароити арзандаву шоистаи хизмату зист муҳайё карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ