Сафари Президенти Тоҷикистон ба Эрон

Имрӯз, 22 май Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Теҳрон сафар кард.

Ҳадаф аз ин сафари Сарвари давлат  иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ аст.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *