Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков аз Чемпионати ҷаҳон

Дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳонии ҷудо, ки дар Абу Забии ИМА идома дорад, паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг куштӣ гирифта, медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард.

Сомон Маҳмадюеков дар даври аввал бар Данийил Зоубкои фаронсавӣ зафар ёфта, дар даври дуюм бар намояндаи Нидерланд Франк де Вити 28-сола пирӯзӣ ба даст овард.

Маҳмадбеков дар даври сеюм бо имтиёзи вазарӣ бар Абдураҳмон Абдулғании мисрӣ ғалаба карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар рақобати душвор бо Тато Григалашвилии гурҷӣ, ки ду маротиба чемпиони ҷаҳон шудааст, дар ин мурҳила мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт ва бар Давид Карапетян (AIN) дастболо шуд. Ҳамин тавр, Маҳмадбеков барои ба даст овардани нишони биринҷӣ ҳақ пайдо кард ва дар вақти тилоӣ бо имтиёзи вазарӣ Гочилаидзе Димитрии гурҷиро шикаст доду ин нишонро ба гардан овехт.

Соли 2007 Расул Боқиев аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Бразилия ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуда буд. Инак, 17 сол баъд, ба Сомон Маҳмадбеков муяссар шуд, аз Чемпионати ҷаҳони ҷудо барои Тоҷикистон медал орад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *