Сафари Путин: кӣ чӣ интизорӣ дорад?
28 феврали соли равон сафари расмии Владимир Путин, Президенти Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Чӣ тавре мегӯянд, “овозаи Рустам беҳ аз худи Рустам”. Бинобар ин дар доираҳои расмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аллакай дар мавриди сафари Путин ва масоили баррасишаванда дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарусадоҳо зиёданд. Хабарнигори “Тоҷикистон” ба коршиносон бо суоли “Аз сафари қарибулвуқӯи В. В. Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ интизорӣ доред?” муроҷиат кард:
Талбак Назаров,
академик, узви гурӯҳи мушовирони Тоҷикистон:
Омадани роҳбарони давлатҳо, бахусус давлатҳои бузург ба Ватани мо ҳеҷ гоҳ аз манфиат холӣ нест ва ҳамеша паёмадҳои мусбӣ дорад. Сафари қарибулвуқӯи В. В. Путин ба Тоҷикистон низ умедворкунанда аст. Эътимод дорам, ки дар боздид аз Тоҷикистон Сардори давлати Русия бо ҳамтои тоҷикаш сари мизи музокира мешинанд ва дӯстона масоили мубрами минтақавӣ ва муносиботи тарафайнро мавриди баррасӣ карор медиҳанд. Ба фикрам, масъалаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нуктаи калидии мулоқоти сарони давлатҳо хоҳад буд. Ин масъала муддатест, диққати ҳам ҷомеа ва ҳам ВАО-ро ба худ ҷалб кардааст. Тоҷикистон низ дар навбати худ ин созмонро ҷиддӣ омӯхта истодааст. Ман ҳам тарафдори онам, ки кишвари мо ҳамаи паҳлуҳои ин созмонро омӯзад ва агар он ба манфиати мо бошад, вориди он гардад ва агар на, то як муддат мавқуф гузорад.
Гавҳар Ҷӯраева ,
ҳомии ҳуқуқ, коршиноси масоили муҳоҷират:
Ман умед дорам, ки сафари Президенти Русия қадаме хоҳад буд, барои барқарорсозии решапайванди мо, ки қарнҳо инҷониб байни халқи тоҷику рус идома дошт. Қабатҳои арзишҳои фарҳангии ду халқ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст, ки риштаҳои заррини бо он дӯхташуда то ҳол медурахшанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки гузаштаи худро ба ёд орем ва ба оянда якҷоя қадам гузорем. Калимоти навбаромади «адаптатсия» ва «интегратсия», агар мазмуни имрӯзаи онро ба эътибор нагирем, маънои эҳтироми байниҳамдигарӣ дар мавриди нажоди барандаи ин фарҳанг мебошад. Биёед, ба ёд меорем, ки калимаи тоҷикии «лолои» ба калимаи муҳаббатомези модари рус ба фарзандаш , ки «лялечка» мегӯяд, ҳамоҳанг аст ва ҳамчунин нақшу нигори новгородӣ ба нақшҳои дарвозӣ чӣ гуна монанду мушобеҳ аст. Ва боз чизҳои дигаре, ки бояд диққати моро ба худ ҷалб кунад.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал –демократи Тоҷикистон:
Путин бидуни шак кӯшиш мекунад, ки манфиатҳои кишварашро ҳимоя кунад ва ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъсир бирасонад. Азбаски чанд соли охир дар робита ба ҳодисаҳои маълуми ҷаҳонию минтақавӣ вазъи иқтисодии Русия ба таври қобили мулоҳиза камтар шуда, имконияти иштироки онро дар барномаҳои гуногун ҷиҳати сармоягузорӣ маҳдуд мекунад, фаъол шудани Чину давлатҳои дигар ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ таъсиру нуфузи Русияро дар минтақа ва бахусус дар Тоҷикистон низ камрангтар кардааст.
Дигар масъалаи ҷиддие, ки дахолати шахсии Путинро тақозо менамояд, аз ворид шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё худдорӣ кардани Тоҷикистон аст. Бо истифода аз фурсат Эмомалӣ Раҳмон низ кӯшиш мекунад, ки зарурати иштироки Русияро дар идомаи бунёди НОБ «Роғун» таъкид намуда, таваҷҷӯҳи ҳамтои худро ба танзими масъалаҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҷалб намояд.
Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, сиёсатшинос:
Дар сафари навбатии Президенти Русия В. В. Путин масъалаи калидие, ки матраҳ мегардад ин ҳамкориҳои иқтисодӣ хоҳад буд. Русия вақтҳои охир мекӯшад, ки бо давлатҳои пасошӯравӣ як камарбанди мустаҳками иқтисодӣ барқарор намояд. Зеро бо вуҷуди он ки ҳамкориҳои ҳарбиву сисёӣ ва иҷтимоӣ дар миён ҳаст, набудани як пайванди иқтисодӣ ба муносибатҳо метавонад рахна биёварад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Хитой рӯз аз рӯз дар минтақа қудрати иқтисодӣ мегирад. Тоҷикистон, ки дар ҳамсоягӣ ба Афғонистон қарор дорад, ҳамеша мавриди назари абарқудратҳо, аз ҷумла Русия аст. Бинобар ин, масъалаи дигари мавриди назар хатарҳои таҳдидкунанда ба минтақа хоҳад буд. Масоили дигари вобаста ба илм ва муҳоҷират низ дар ин сафар мавриди гуфтугӯйи ҷонибҳо қарор хоҳанд гирифт.
Меҳр Собириён, коршиноси Маркази равандҳои муосир ва оянданигарии АИ ҶТ:
-Интизор меравад дар сафари навбатии Президенти Федератсияи Руссия В. В. Путин масъалаҳои иқтисодӣ ва амниятӣ баррасӣ шаванд. Дар вазъияти имрӯза, ки амният нисбатан таъмин аст, таваҷҷуҳи бештар шояд ба масъалаҳои иқтисодӣ дода шавад. Пайвастан бо Созмони иқтисодии АвруОсиё хеле масъалаи печида буда, омӯзиши ҷиддиро талаб мекунад. Барои пайвастани Тоҷикистон бо ин Созмон бояд ҳар ду ҷониб омода бошад, то паёмадҳои манфии он камтар шавад. Ин омодагӣ бе дастгирии молиявӣ аз ҷониби кишварҳои аъзои ин Созмон хеле мушкил аст. Чунин дастгирии молиявӣ ба Қирғизистон пеш аз пайвастанаш расида буд. Агар аз як ҷониб пайвастани кишвари мо барои муҳоҷирон муфид бошад ва мушкилоти зиёди онҳоро бартараф кунад, аз ҷониби дигар даромадҳои буҷаи давлат кам мешавад, ки ин мушкилоти зиёдеро дар дохили кишвар дар пай дорад.
Имрӯз Федератсияи Русия худ мушкилоти молиявии зиёд дорад ва шояд имкони дастгирии молиявии кишвари моро надошта бошад. Бинобар ин, интизор меравад ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таҳким бахшида шаванд. Дурнамои ин ҳамкориҳо хуб ба назар мерасад ва боиси рушду равнақи ҳар ду кишвар хоҳад шуд.
Усмоналӣ Сайдалиев, ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ:
Аз нигоҳи ман ба ҳайси сиёсатшинос ва дипломат, ки дар самти сиёсат ва иқтисод феълан кору фаъолият менамоям, сафари расмии пешбинишудаи Президенти Русия В. В. Путин беҳтарин рӯйдод ва фурсат барои беҳбуд бахшидан ба муносибатҳои ҳар ду кишвар маҳсуб меёбад. Ин сафар дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар ИМА ғалабаи пуршӯру ғавғои намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ба анҷом расид ва аз ҷониби мазкур даъвои муътадил намудани муносибатҳои Амрико бо Президенти Русия В. В. Путин садо дод. Акнун имкон пайдо шудааст, ки Русия ба иттифоқчиёни аслиаш дар Осиёи Марказӣ ва умуман ИДМ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад ва муносибатҳояшро ба шакли табиӣ баргардонад.
Чӣ тавре ки мо медонем, то имрӯз Русия бо сабабу бе сабаб муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро депорт менамояд ва аз ҳаққи вуруд ба хоки Русия маҳрум месозад. Ба ин қатор ҳатто онҳое, ки ҳуҷҷатҳояшон бе камбудӣ аст, низ дохил мешаванд. Дар ҳоле ки Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии асосӣ ва иттифоқчии сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Умед дорам, ки дар ин сафари Раисҷумҳури Русия ин масъала ҳалли худро меёбад.
Он чиз, ки то имрӯз Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО-ЕАЭС) бо сабабҳои узрнок дохил шуда натавонистааст, албатта, барои аҳолии кишвари мо Тоҷикистон низ аз ҷиҳати сиёсию ахлоқӣ ва низ иқтисодӣ қобили қабул нест. Ин ҳолатро Русия бо нохушӣ ва ғайриқаноатмандӣ қабул дорад. Вале бояд бародарони русамон дар ин масъала моро дуруст фаҳманд. Мо хуб дарк мекунем, ки дохилшавии Тоҷикистон феълан сирф маъно ва аҳамияти сиёсӣ дорад. Ҳол он ки аз вақти ба фаъолият шурӯъ намудани Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё то имрӯз, дар дохили ин Созмон, мутаассифона, эҷоди фазои ноором, ноҳамвор ҳукмрон буда, якдигарфаҳмӣ ва ҳамкории дӯстона вуҷуд надорад. Ин ҷо дар назар аст бештар мавқеи манфӣ ва ғайриқаноатманди кишварҳои ин Созмон Белорусия ва Қирғизистон. Ин масъала низ ҳатман мавриди баррасии сарони кишварҳо қарор мегирад.
Масъули назарпурсӣ
Одили Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ