Нархи доллар боз боло рафт. Бонки миллӣ чӣ мегӯяд?

Давоми як ҳафта мешавад, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар  нархи доллар нисбат ба сомонӣ якбора боло рафтааст.

Махсусан, дар нуқтаҳои асъори вобаста ба бонкҳои ҷумҳуҳурӣ, аз ҷумла  бозорҳои “Корвон”, “Саховат”, «Фаровон»- и Душанбе 1 доллар ба қимати аз 8 сомонию 20 дирам то 8 сомонию 35 дирам фурӯхта мешавад.  Ин дар ҳолест, ки расман Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 20 феврал, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 7.9458 сомонӣ, 1 евро = 8.4655 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1364 сомонӣ.

Курби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА =8.0600 сомонӣ, 1 евро =8.4800 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1373 мебошад. Шоҳидон мегӯянд, ки бо ин нарх низ асъори хориҷӣ пайдо кардан амри маҳол аст.  Баъди болоравии доллар нархи маҳсулоти хӯрока, аз қабили орду равған,  шакар, донагиҳо дар мағозаву бозорҳои Душанбе ва атрофи он мушоҳида гардид.

Мирзомуддин Мавлонов, сардори шӯъбаи сиёсати қурби асъор ва захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки далели болоравӣ дар қурби асъор ба «нақшаи гурӯҳҳои манфиатдор дар бозори сиёҳ» унвон кард. Ба гуфтаи вай, дар моҳи январи соли гузашта низ аз рӯи ҳамин нақша, арзиши як доллар то ба 8,9 то 9 сомонӣ баробар шуда буд ва пас аз андешини чораҳои зарурӣ, вазъи бозори асъор дар Тоҷикистон танзим шуд. Намояндаи   Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки ин ҳолат миёни соҳибкорон ва тоҷирон як навъ воҳимаро ба миён оварда, онҳо ба таври дастаҷамъӣ, долларо харидорӣ мекунанд ва дар ҳолати коҳиши қурби доллар имкон дорад, ки онҳо варшикаста шаванд. Мавлонов эътироф мекунад, ки болоравии қурби доллар омилҳои объективӣ ё воқеӣ низ дорад.

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *