“Khujand open library” китобхонаи сарироҳӣ дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аввалин китобхонаи сарироҳӣ бо номи “Khujand open library”. таъсис ёфт. Ташаббуси таъсиси чунин як китобхона аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Соҳибкорони шимоли Тоҷикистон” гирифта шудааст.
Чунин китобхонаҳои сарироҳӣ дар шаклҳои гуногун дар шаҳрҳои муттараққии дунё мавҷуданд, аммо дар Тоҷикистон ин таҷриӣба бори аввал гирифта шудааст.
Суҳроб Ниёзов, узви ин ташкилот дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтааст, ки ин нахустин китобхонаи сарироҳӣ буда, ҳоло ҷараёни марҳилаи санҷишии он идома дорад. Манбаъ гуфтааст: “назорат мекунем, ки мардум онро чӣ гуна қабул мекунанд, агар талабот бошад, дар дигар ҷойҳо низ созмон медиҳем”.
Ниёзов гуфтааст, ки китобхонаи сарироҳӣ аслан дар боғу хиёбон ва ҷойҳои фароғатӣ ба хотири гирифтани ғизои маънавӣ насб шуда, қоидаҳои истифодаи худро дорад: “Шаҳрвандон китобҳоро гирифта, дар атрофи китобхона қироат мекунанд ва боз онро мегузоранд. Ба хона бурдани китобҳо иҷоза нест”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ