Сафари Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Турсунзода
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни сафар ба шаҳри Турсунзода бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 07150-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии 6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар додаанд, Вазири корҳои дохилӣ аз синфхона, хобгоҳ, ошхона ва гӯшаи ҳунарҳои мардумии қисми ҳарбии 07150, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шудааст, дидан намуд.
Зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисми низомии 6592, вазир бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон шинос гардид. Рамазон Раҳимзода зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони ниҳодҳои мазкур аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро ба муносибати 25-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ табрик намуда, зикр кард, ки «таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз сохторҳои пуриқтидори давлат табдил ёфта, афсарону сарбозони он аз иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд. Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб мераванд.
Тавре Сарвари давлат дар Паём баён доштанд: «Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон, ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо фахр мекунем». Моро мебояд ба боварии Роҳбари давлат ва мардум бо рафтору гуфтори нек, дониши баланд, шуҷоату далерӣ ва мардонагиву ҷасурӣ сазовор бошем».
Зикр шуд, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони баору номуси миллат хизмати Ватан-модарро ба ҷо оварда, баҳри оромиву осоиштагии марзу бум, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша омодаанд.
Ҳамзамон ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ як зумра афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 07150 ва 6592 бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ