“Сафари театр ба Самарқанд беҳуда набуд!” (Видео)
Ба андешаи ман, нависанда Адаш Истад қабл навиштани назароти худ дар бораи сафари ҳунарии театр дар шаҳри Самарқанд бояд бо масъулони театр дидору суҳбат мекард. Вале мо ин шахсро надидем.
Нависандаи саршиноси тоҷики муқими Самарқанд Адаш Истад дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” навиштааст, ки намоишномаи нимарӯзӣ ба далели набудани тамошобин баргузор нагардид.
-Далелашро шарҳ медиҳам. Воқеъан, намоишномаи соати 12 баргузор нашуд. Сабабаш ҳозир нашудани донишҷӯёни Донишгоҳи Самарқанд. Аз донишгоҳ телефон карда узрхоҳӣ намуданд, ки соати 12 дарс доранд, рафта наметавонанд.Шоми он рӯз онҳо дастҷамъона намоишномаро тамошо карданд.
-Намоишнома ба забони тоҷикӣ буд?
-Оре. Намоишномаи “Найрангҳои Майсара”, ки ба қалами нависандаи ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ муталлиқ буда ва борҳо дар Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шудааст.Шавкат Халилзода, саррежиссёри театр онро аз нигоҳи нав таҳия кард. Ин намоишнома ба тамошобинони ӯзбек хеле хуш омад.
Ба андешаи ман, нависанда Адаш Истад қабл навиштани назароти худ дар бораи сафари ҳунарии театр дар шаҳри Самарқанд бояд бо масъулони театр дидору суҳбат мекард. Вале мо ин шахсро надидем.
-Эроди Адаш Истад ба намоишномаи “Найрангҳои Майсара” марбут буд, ки на танҳо дар театрҳои шаҳрҳои бузург, балки музофотии Ӯзбекистон низ борҳо ба намоиш гузошта шудааст. Яъне, ин намоишнома барояшон хуб ошно аст. Нависанда таъкид дошт, хуб мебуд театр намоишномаи наверо ба Самарқанд мебурд.
-Асаре, ки композитор менависад, кӯҳнагӣ надорад. Агар ин тавр мебуд, шеърҳои Рӯдакию Лоиқ кӯҳна мешуданд. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳазорсолаҳост, ки мавриди истифода аст. Ин асарҳо “классика” ном доранд. Дар Аврупо операи “Трабадур”-и Ҷузеппе Вердӣ садҳо сол дар саҳнаи театр аст.Ин намоишнома дар театри мо ҳар моҳе ду бор намоиш дода мешавад.
Зеро ҳамеша ба ин гуна намоишномаҳо тамошобин меояд. Намоишнома кӯҳна намешавад, тамошобин нав мешавад. Шояд Адаш Истад намоишномаи “Найрангҳои Майсара”-ро даҳҳо бор дидааст, аз ин лиҳоз аз дидгоҳи инфиродӣ ба он баҳо додааст. Ман нуқтаи назари тамоишобини хурду калонро дар назар дорам. Ин намоишномаи низ классика аст ва он кӯҳнашавӣ надорад.
-Чун намоишномаҳои театри опера ва балет ба забони тоҷикӣ аст, барои тамошобинҳои ӯзбек тарҷума мешавад?
-Бояд дар театри Самарқанд тарҷумааш пахш мешуд, аммо ба далели техникӣ ин кор сурат нагирифт. Лекин тамошобинони ӯзбек тамошо карданд. Касе мефаҳмад ба дигарӣ тарҷума мекунад. Вақте ҳофиз суруд мехонад, он ба тарҷума ниёзе надорад. Муҳимаш овози хуб, ҳаракати муносиб бошад. Санъату мусиқӣ забон надорад. Аз сӯйи дигар, сокинони Самарқанд ба забони тоҷикию ӯзбекӣ хуб ҳарф мезананд.
-Адаш Истад далели кам будани тамоишобинро ба набудани рекламаю эълони намоишномаҳои театри Душанбе марбут медонад. Ҳатто дар шабакаи Фейсбук эълоне дар ин бора пахш нашудааст. Агар мардум хабардор мешуданд, ҳазорҳо нафар ба тамошои намоишномаҳо меомаданд. Худи ӯ низ дар мавриди сафари ҳунарии театри Душанбе ба Самарқанд хабар надоштааст.
-Эълон дар Фейсбук буд. Ман дар Ӯзбекистон хондам. Дар назди бинои театр ду таблои бузурги эълонҳо овезон буд. Дар телевизиони маҳаллӣ низ хабари сафари ҳунарии театри Душанбе пахш шуд. Дар ду шабакаи телевизион мусоҳибаи ман пахш шуд. Мардуми тоҷикнишини Самарқанд рӯзи дуюм омаданд. Шояд баъдтар хабар ёфтанд. Эҳтимол Адаш Истад худ хабар наёфтааст.
Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ