Қазоқистон сокинони аз Сурия баргаштаро дар терроризм айбдор кард

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи сешанбеи 22 октябр мурофиаи додгоҳии 14 сокине шуруъ гардид, ки аз Сурия баргардонида шуда ва дар терроризм айбор мешаванд.

Ҳафтаи гузашта Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон (КАМҚ) хабар дод, ки тафтиши парвандаи 14 сокинро ба охир расонидааст. Ба иттилои тафтишот, ин 14 тан дар Сурия шомили гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» будаанд. Сокинони мазкурро дар иштироки фаъолияти террористӣ, ҷалб ва тарғиби терроризм айбдор мекунанд.

Мақомоти Қазоқистон ибтидои соли ҷорӣ аз баргардонии шаҳрвандон аз Сурия хабар дода буданд. Мақомоти он кишвар нисбати даҳҳо тан аз мардону занони аз Сурия баргашта бо айбҳои марбут ба терроризм парванда боз карданд.

Ба иттилои Кумитаи амнияти миллӣ, 595 шаҳрванди Қазоқистон, аз ҷумла бештар аз 400 кӯдак аз Сурия баргардонида шудааст. Пештар аз ин низ 10 мард ва 5 зани аз Сурия баргашта ба солҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

Моҳи июли соли 2018 мақомоти Қазоқистон гуфтанд, наздики 800 шаҳрванди ин кишвар ба Сурияву Ироқ рафтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *