Сафарилӣ Mr Dubai мешавад?

Сафаралӣ Самадов, модели ҷавони тоҷик, аз байни 220 довталаб дар қатори 16 нафар аз 9 кишвар ба даври ниҳоии озмуни Mr Dubai 2018 роҳ ёфтааст. Сафаралӣ Самадов аз кишварҳои пасошӯравӣ ягона нафарест, ки дар даври ниҳоии ин сабқат иштирок мекунад. Ӯ қаблан ба даври ниҳоии озмуни Star Hunt 2018 низ ширкат карда буд.Сафаралӣ Самадов умедвор аст, ки бо пуштибонии мухлисонаш, бахусус ҳамватанон дар озмуни Mr Dubai 2018 даст ба пирӯзӣ хоҳад ёфт.

Сафаралӣ Самадов дар баҳори соли ҷорӣ дар даври ниҳоии озмуни Star Hunt 2018, ки Dubai Mall доир мекунад, роҳ ёфта буд. Аз кишварҳои СНГ ва ҳамин тавр аз Тоҷикистон ин ҷавони тоҷик ягона нафаре буд, ки ба даври ниҳоии Star Hunt 2018 роҳхат гирифт.

Сафаралӣ Самадов 25 сол дошта, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо тахассуси муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ хатм кардааст. Сафаралӣ қаблан дар Душанбе дар як ширкати байналмилалӣ ва сипас дар шабакаи телевизионии «Синамо” ба ҳайси хабарнигор кор мекард ва ҳоло дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб кору зиндагӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *