Мураббиро дар Душанбе куштанд

Иван Иванович Поляков, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дар гуштини юнониву румӣ ва тарзи озод ва Муррабии шоистаи Тоҷикистон, шаби 8 декабр дар манзилаш дучори ҳамла ва латукӯби ғоратгарон шуда, рӯзи 13 декабр дар бемористони Қарияи боло аз олам чашм пӯшид. Ғоратгарон Иван Поляковро барои 2800 сомонӣ, як бухорӣ (печка) ва телефонаш латукӯб кардаанд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят кормандони ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ се нафарро дастгир кардаанд. Иван Поляковро рӯзи 14 декабр ба хок супурданд.

Шаби 8 декабр як гуруҳи ғоратгарон ба манзили Иван Поляков дар шаҳри Душанбе ҳамла оварда, ӯро шадидан латукӯб карданд ва аз манзилаш 2800 сомонӣ, як бухорӣ (печка), як телефон ва чанд чизи дигарро ба яғмо бурданд.

Ҷасади нимҷон ва дар хун оғӯштаи Поляковро шогирдонаш пайдо карда, ба бемористони Қарияи боло бурдаанд, вале табибон ӯро натавонистанд наҷот бидиҳанд. Ӯ дар рӯи кати беморӣ дигар ба ҳуш наомада, аз олам чашм пӯшид.

Ба гуфтаи онҳо, мақомоти милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ алакай се нафарро бо гумони даст доштан дар ҳамлаи ғоратгарона ба манзили Поляков дастгир кардаанд.

Иван Иванович Поляков моҳи августи соли 1936 дар вилояти Тамбови Русия ба дунё омада, бештари умраш дар Тоҷикистон гузаштааст. Иван Поляков устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ буда, чор дафъа сазовори унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар гуштин шудааст – се маротиба дар гуштини юнониву румӣ ва як маротиба – дар гуштини тарзи озод.

Иван Поляков баъди хатми собиқаи гуштингирӣ ба кори мураббигӣ гузашт ва яке аз маъруфтарин мураббиёни гуштини юнониву румӣ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ барои хидматҳояш дар тарбияи гуштингирони тоҷик сазовори унвони Мураббии шоистаи Тоҷикистон шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *