Сафаров: Саҳар шакар хӯрдему абедӣ заҳар
Саҳарӣ нонушта кардем ва ҳеҷ аз дилам ҳам нагузашт, ки аз ношто то абед чунин рӯзи сиёҳ маро пешвоз мегирад. Наздикиҳои нисфирӯзӣ буд, ки холабачаи Фарҳод занг зада гуфт:
-Амак, биёед дар пеши хонаи Фарҳод ҷанҷол шудааст. Гуё барқ зада бошад дасту поям шах шуд, дилам гувощь дод, ки Ёрмуҳаммад ба хонаи додараш рафтааст. Ҳамон лаҳза фаҳмидам, ки ҷанҷол байни ду каси бегона не, ин ду додарон шудааст. Азбаски роҳ наздик аст дав-дав пиёда рафтам. Вақте рафта он манзараи хунинро дидам худамро гум кардам.
Вақте пурсопурс кардам ҳамон ҷияни ҳамсарам, ки бо Фарҳод ҳамсояи надик аст гуфт:- Мо ҳам айни сар задани ҳодиса дар ин ҷо набудем. Аммо овози шуру мағалро шуданида давида омадам, ки кор аз кор гузаштааст.
Фарҳод чунон худро сахт гум карда буд, ки дар як даст корд дошту дасти дигарашро мушт карда, сахт ба сараш мезад. Вақте бо ӯ “дод” гуфтам, ки “Фарҳод, чӣ кор кардӣ? Акаатро куштӣ ту!” . Ин гапро шунида девонавор савол дод: Чӣ? Ман акаи худамро куштам? Ман дигар ҳуқуқи зиндагӣ кароданро надорам! Наход ман қотили акаи худ шуда бошам!- нақл кард-падари марҳум Ёрмуҳаммад Сафаров- Нормуҳаммад Сафаров.
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «ОИЛА» мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ