Ҷанг дар Панҷакент, дуздӣ дар Кулоб ва ғорат дар Ёвон

Муноқиша  дар Панҷакент

Рӯзи 6-уми июли соли 2018, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар мавзеи «Ғуштани Боло»-и ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, марди 34-солаи сокини ш.Панҷакент, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марди 28-солаи сокини ш.Панҷакент, ҷангу ҷанҷол карда, қасдан як маротиба бо корд, ба миёни номбурда задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Марди 35- соларо бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд 

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб марди 25-солаи сокини кӯчаи И.Сомонии шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 1-уми июли соли 2018, шахсони номаълум бо тариқи шикастани тирезаи чапи автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тайота-Королла”, ки дар маҳаллаи С.Сангов беназорат меистод, аз дохилаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Нокия”, арзишаш 500-сомонӣ, 1-адад компютери тамғаи “Тошиба”, арзишаш 4300-сомонӣ ва либосҳояшро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа, ба маблағи 5000-сомонӣ ба соҳибмулк зарар расонидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 18-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб сокини 57-солаи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2016 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад кондитсионер ва 1-адад яхдонро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа, зарари расонидашуда 9000-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини кӯчаи Даминзодаи ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

210 метр ноқилро рабуданд

Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ мактуби филиали ҶСК “Тоҷиктелеком”-и ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз мавзеи ҷамоати деҳоти Озодагони ҳамин ноҳия, 210-метр ноқили тамғаи “ТПП 100х2”, ки арзиши умумиашон 60000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 18 ва 21-солаи сокинони ноҳияи Панҷ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Опел-Вектра”-ро дуздиданд

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 41-солаи сокини деҳаи Тутаки ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 7-ум ба 8-уми июли соли 2018, тахминан соати 01:00-дақиқа, шахсони номаълум аз кӯчаи марказии ноҳияи Ёвон, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Вектра”-ро, ки беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *