Нархи арӯсӣ барои тӯй чӣ қадар маблағ сарф мешавад?

Аз қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 сол сипарӣ шуд, аммо ҳамоно тӯй яке аз серхароҷоттарин маросим боқӣ мемонад.
Албатта, пас аз татбиқи қонун бисёре аз сарфакориву хароҷоти беҳуда аз байн бардошта шуданд, аммо ҳоло ҳам мардуми мо дар баргузор кардани тӯй рақобат мекунанд. Нархҳо дар бозор низ осмонӣ аст. Барои муайян кардани хароҷоти тӯй бо чанд нафар аз сокинони кишвар ҳамсуҳбат шудем. Ҳамчунин, аз бозорҳои шаҳр нархи лавозимоти тӯйро пурсон гардидем…
Аз мардикорӣ то қарз
Озодамоҳ, сокини шахри Панҷакент мегӯяд, ки писараш дар шаҳри Душанбе тахсил мекунаду ният дорад , ки моҳи оянда ба хонааш келин биёрад. “Нияти дар тарабхона бо нархи гарон тӯй карданро надорам, вале агар накунам, мардум ба ҳолам механданд, ки як тӯйро дар тарабхона гузаронида натавонист. Ҷониби арӯс низ шояд барои дар хона гузаштани тӯй ризоият надиҳад. Барои тӯйи писарам маҷбур шудем, ки шавҳарамро ба мардикорӣ гусел кунем. Танзим ҳам бошад, ҳоло латтадиҳӣ ба хешу табори арӯс аз байн нарафтааст”, – изҳори нигаронӣ мекунад ин зан.
Зарнигор, сокини шахри Хуҷанд бошад, мегӯяд: “Ду духтарамро шавҳар додаму то ҳол қарзи тӯйи онҳоро медиҳам. Духтаронам аз хешу таборашон гап нашунаванд гуфта, тамоми ҷиҳози арӯсиашонро дар сатҳи олӣ харидорӣ намудам, то ки аз қафои чизу чора шуда, бо хешу табори шавҳарашон моҷаро набардоранд. Медонам, ин хеле мушкил аст, махсусан дар Хуҷанд, вале духтаронам хушбахт бошанд, ман як бало мекунам”.
Ҷиҳози арӯс
Барои муайян кардани қимати ҷиҳози арӯсӣ мо бозорҳои шаҳри Душанберо гардиш карда, бо нархи наво шинос шудем.
Барои арӯс:
1. Либоси арӯсӣ — 400-500 сомонӣ
2. Ангуштарин 600 — 750 сомонӣ
3. Кӯрпачаю болишт 500-630 сомонӣ (барои 4 кӯрпаву чор болишт)
4. Курта 120-1000 сомонӣ
5. Мебел аз 5000 то 10 000 сомонӣ
6. Телевизор аз 500 то 2000 сомонӣ
7. Сандуқ 400 -1500 сомонӣ
8. Пойафзол 90-200 сомонӣ
11. Тоқӣ 35 — 80 сомонӣ
12. Ҷузвдон 50-180 сомонӣ
13. Ҷавоҳирот то 2 – 3 000 сомонӣ
14. Қолин барои 1 хона тахминан аз 700 то 1000 сомонӣ
Барои домод
1. Шиму костюм 700- 1500 сомонӣ
2. Ангуштарин 700 сомонӣ
3. Галстук 20 — 70 сомонӣ
4. Пойафзол 150-250 сомонӣ
Бо ин рӯйхат тӯйдор халос намешавад. Илова бар ин, тарафҳо барои бибиву бобо, холаву амма, тағову амак ва хешу ақрабои ҷонибҳо туҳфа, монанди куртавориву рӯймол, куртаи мардона ва ҳатто ҷома медиҳанд, ки нархи кам надоранд.
Дар рӯйхате, ки боло овардем, на ҳамаи ҷиҳоз нишон дода шудааст. Масалан, аз курта арӯс тахмин 8-10 то мекунад, ки нархи ҳар яке аз 500 то ҳазор сомонӣ мебошад. Ба ҷиҳози арӯсӣ, инчунин 8-10 рӯймол ва дигар чизу чора ҳамроҳ карда мешавад. Косметика ҳам ҷузъи муҳими ҷиҳози арӯс аст, ки нархи кам надорад.
Пул ё ҷиҳоз
Албатта, тӯй дар ҳар минтақаи кишвар ба ҳар навъ мегузарад. Масалан, дар вилояти Суғд барои арӯс ҷиҳоз мебаранд. Яъне, ҷониби домод маҳсулоти тӯйро ба хонаи духтардор мефиристанд, аммо дар Душанбе ва баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ба ҷониби духтардор маблағ дода мешавад.
“Аз ҷиҳоз дида, маблағ хубтар аст. Зеро бо он духтардор чизи дилхоҳашро мехарад. Бисёре аз овардаҳои ҷониби домод барои тӯй лозим нашуданаш мумкин”,- мегӯяд, сокини Душанбе Гулнора, ки се духтарашро ба шавҳар додааст.
Дар масъалаи кӯрпаву кӯрпача бошад, низ дар ҳар минтақа ҳар хел аст. Агар дар деҳот аз ҷониби домод тойи пахта бурда шавад, дар шаҳрҳо кӯрпаи тайёр харидорӣ мешавад.
Дар деҳот ҳар навъ тӯй осонтар ва арзонтар буда, дар шаҳрҳо ба маротиб қиматтар гузаронида мешавад. Масалан, дар деҳаҳо бурдани яхдон ва мошини ҷомашӯйиву мебел муҳим нест, аммо дар шаҳрҳо, бахусус Душанбеву Хуҷанд ин чизҳо ҳатмӣ мебошанд.
“Албатта, танзим нағз шуд, аммо нархҳои бозор рӯз аз рӯз боло мераваду ҷиҳоз зиёдтар. Агар муқоиса кунӣ бо солҳои пеш баробар мешавад”,- мегӯяд, сокини шаҳри Душанбе Ғаффор Саидов.
Дастурхон — обрӯйи хонадон
Танҳо бо пӯшидану намоиш додани чизу чораи рангобаранг тӯй ҷамъбаст намешавад. Барои тӯй, албатта, дастурхон бисёр муҳим аст. зеро ба қавли мардум дастурхон обрӯйи хонадон аст.
Дар деҳаҳо барои тӯй ҷониби писардор гов парварда, онро пеш аз тӯй мекушад ва бо ҷиҳози арӯсӣ ба хонаи духтардор гӯшт ва моли майда мефиристад. Дар шаҳрҳо бошад, ин ташвиш вуҷуд надорад. Биринҷу сабзӣ, равғану, шираворӣ, донагиву нӯшокӣ низ барои тӯй муҳим аст.
Аммо агар, тӯй дар тарабхона баргузор шавад, аз харидани зиёди ин маҳсулот худдорӣ мешавад. Аммо тарабхонаҳо ҳам нархҳои осмонкаф мегӯянд. Масалан, барои баргузор кардани як тӯй барои 150 нафар дар тарабхона аз 15 ҳазор то 30 ҳазор сомонӣ маблағ лозим аст.
Албатта, тӯйи тарабхона бе ровӣ ва сароянда намешавад. Нархи ҳар сароянда ба обрӯву нуфузи он вобаста аст, ки он ҳам аз 1500 сомонӣ боло мебошад.
Харҷ+сарф-бахт?
Ташвишҳои тӯй зиёд аст. Ин рӯйхати пешниҳодкардаи мо қариб 80-90 %-ро фаро мегираду халос. Беҳтар аст, худи хонанда ҳисобкунакро ба даст гирифта, барои як тӯй чӣ қадар маблағ масраф шуданашро ҳисоб кунад.
Аммо магар метавонад, ки харҷу масраф маънои бахтро дошта бошад? Ин суолест, ки бояд ҳар кадом сари он биандешад ва ба ҳамон мақоли машҳури халқ “ба кӯрпааш нигоҳ карда, пой дароз кунад” ва “аз охӯри худаш ғизо хӯрад”…

Уғулойи Қутбиддин,
“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *