Сафири нави Олмон дар Тоҷикистон эътимоднома супорид

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро қабул кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Олмон ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намудаанд.

— Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Олмонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ кардани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *