Дар Симиганҷи Ваҳдат Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Бунгоҳи саломатии Арбобӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, бунгоҳи саломатӣ аз чор шуъба иборат буда, дар он барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

— Аз ҷумла, муассисаи тандурустии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардидааст. Иншооти тандурустӣ ба 2 ҳазор аҳолии маҳаллаи мазкур хизмати тиббӣ хоҳад расонид. Ба истифода додани ин Маркази саломатӣ имкон медиҳад, ки сокинони маҳаллаи мазкур ба ҷои дур нарафта, дар ҷои истиқомати худ бо ёрии аввалияи тиббӣ таъмин гарданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *