Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон рафт

Имрӯз, 25-уми август, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба Қазоқистон рафт.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва масъалаи кадрҳо, вазирони фарҳанг, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Қосимҷомарт Тоқаев ба Қазоқистон сафар кардааст.

Қарор аст, ки дар ҳошияи мулоқотҳои расмӣ масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистикӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шаванд.

Илова бар ин, сарони ду давлат дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат мекунанд ва ҳамзамон раҳбарон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дидан хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *