Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Вазир вохурд

20 феврали соли 2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои муносибат ва ҳамкории миёни ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо зарурати тавсеаи ҳамкории фарогири мутақобилан судмандро таъкид намуда, барои бештар фаъол гардонидани абзори мавҷуда бо мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *