Озода Раҳмон ба Прокуратураи генералӣ тавсия дод

Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ва раҳбари яке аз кумитаҳои Маҷлиси Миллӣ ба Тоҷикистон барои Прокуратураи генералӣ беҳбуди кори ин ниҳод 9 тавсия додааст.

Аз ҷумла, хостааст, ки масъалаи “суиистифода аз мансаб дар бонкҳо ва созмонҳои қарздиҳии кишвар” ҷиддӣ назорат шавад. Ӯ гуфтааст, маҳз «сӯистифода аз мансаб» ба фаъолияти бонкӣ ва бозори молиявии кишвар таъсири манфӣ гузошт.Озода Раҳмон ин нуктаро рӯзи 16-уми феврал баъд аз гузориши Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии  Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ баён кардааст. Бино ба санаде, ки рӯзи 22-юми феврал дастрас шудааст, Озода Раҳмон ба Прокурори генералӣ 9 тавсия додааст, то дар кори ояндаи худ аз он истифода кунанд. Ӯ гуфтааст, бояд мубориза ба терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ғасби худсаронаи заминро ҷиддӣ бигирад. Аз ҷумла, пешгирӣ аз ғасби заминҳои корами обӣ махсус таъкид шудааст. Раиси дастгоҳи иҷроияи президент аз кори мақомоти тафтишотӣ ва иҷрочиёни суд низ интиқод кардааст. «Фаъолият дар самти назорати риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои қарори судҳо аз тарафи иҷрочиёни суд низ ба тақвиятбахшӣ эҳтиёҷ дорад, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки қарорҳои мазкур иҷро намегарданд ва ё муҳлати иҷрои онҳо дағалона вайрон карда мешавад», — гуфтааст Озода Раҳмон.Дар ин самт, ӯ аз як санҷиши Дастгоҳи иҷроияи президент, ниҳоди зери назараш мисол овардааст. Ба гуфтаи ӯ, санҷиши онҳо нишон додааст, ки «баъзе мақомоти давлатӣ парвандаҳоро бо дағалона вайрон кардани мӯҳлати тафтишот баррасӣ мекунанд ва риоя нашудани тобеияти тафтишотии парвандаҳо низ ба назар мерасад.» Ӯ ҳамзамон хостори таҳияи барномаи нави мубориза бо ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *