Сафирони хориҷӣ ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супориданд (аксҳо)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз даҳ сафири фавқулода эътимоднома қабул кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва қабули эътимодномаҳо аз сафирони хориҷӣ дар Қасри миллат баргузор гардидааст.
Ҳамин тавр, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафирони ҷумҳуриҳои Эрон, Туркманистон, Покистон, Олмон, Фаронса, Муғулистон, Ветнам, Швейтсария, Филиппин ва Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея эътимоднома супориданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро табрик гуфта, таъкид кардааст, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.
Ӯ дар идома таъкид намуд, ки Тоҷикистон рушду таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳо ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии худ медонад, ки он дар асоси усули “дарҳои кушода” амалӣ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ