Нақшаи даъват чанд фоиз иҷро шуд?

Нақшаи давъвати тирамоҳии наваскарон давоми 20 рӯз 66 фоиз иҷро шудааст.

Шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор дар нахустин рӯзи даъват  нақшаи пешбинишуда иҷро карда, гузориш доданд.

Ба иттилои вазорати мудофиаи кишвар, давоми 20 рӯзи моҳи октябри соли равон мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ба даст оварда, иҷрои нақшаро ба 73,3 фоиз баробар намуданд.

Даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон низ муташаккилона ва дар сатҳи баланд идома дошта, масъулини вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ давоми ду даҳрӯза ба муваффақияти назаррас ноил гардиданд. Зимнан, аз 1 то 20 октябри соли равон шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аллакай иҷрои нақшаи даъвату гусели ҷавонписарони Ватанро ба сафи Артиши миллии мамлакат 71 фоиз иҷро намуданд.

Новобаста аз он ки чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ идома меёбанд, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ аллакай  давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаро ба 54 фоиз баробар намудаанд.

Ҳамин тавр, дар муддати 20 рӯзи даъвати тирамоҳии соли равон иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе қариб 65 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *