Сафирони навтаъин ба Президенти Тоҷикистон эътимоднома супориданд
Имрӯз, 9 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард.
Зимни маросим ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мануел Микаллер, Туркия Умут Аҷар, Давлати Қатар Муборак Абдураҳмон Муборак ал-Наср, Ҷумҳурии Молдова Лилиан Дарий, Ҷумҳурии Ирландия Брайан Макэлдафф, Португалия хонум Мария Мадалена Лобу Карвалю Фишер, Ҷумҳурии Кипр Кипрос Йоргалис, Ҷумҳурии Чилӣ Эдуардо Эскобар, Ҷумҳурии Уганда Муҳаммад Тезикуба Кисамбира ва Зеландияи Нав хонум Сари Мэри Уолш, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ин маснади сермасъул дар Тоҷикистон табрик гуфт.
“Бо итминон иброз доштанд, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид”, — хабар додааст маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ