ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода — макони омода намудани мутахассисони забондон

Дар соҳаи маориф сол ба сол навгониҳои муҳим ба вуҷуд омада, хусусан донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Яке аз чунин муассисаҳои пешсаф Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аст.

АЗ ЗАБОНИ ОМОР

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баҳри омода намудани мутахассисони забондон ва рақобатпазир барои бозори меҳнати ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Айни замон дар донишгоҳ 11 забон дар 5 факултет: филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои Осиё, забони англисӣ, забонҳои Аврупо; 21 кафедра бо фарогирии 31 ихтисос дар зинаи бакалавр, 5 ихтисос тибқи низоми таҳсилоти фосилавӣ, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура (PhD) омӯхта мешавад.

РАВОБИТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Донишгоҳ бо беш аз 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ба монанди Куриёи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ҷопон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон созишномаву қарордодҳо ба имзо расонидааст.

Ин аст, ки дар Донишгоҳ устодони соҳибзабони хориҷӣ аз Куриёи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷопон, Қазоқистон ва Ҳиндустон фаъолият мекунанд. Инчунин, донишҷӯён аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Филипин, Хитой, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Афғонистон таҳсил менамоянд. Донишҷӯёни Донишгоҳ дар Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва Хитой барои идомаи таҳсил дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантура PhD аз рӯйи ихтисос сафарбар карда мешаванд.

ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКӢ

Заминаи моддию техникии Донишгоҳ ба талаботи ҷаҳонии бозори меҳнат ҷавобгӯй буда, он дорои 3 синфхонаи лингофонӣ, 74 синфхонаи мултимедӣ ва компютерӣ бо 615 компютер, лингвопарк (парки технологӣ), хобгоҳи дорои 636 ҷой, майдони варзишӣ, ду толори фарҳангӣ, ошхона ва бунгоҳи тиббӣ мебошад.

Китобхонаи электронии Донишгоҳ дорои 50 ҷойи нишаст ва муҷаҳҳаз бо компютерҳои бо хати интернет пайваст мебошад. Инчунин, китобхонаи анъанавӣ бо фарогирии беш аз 95 000 китоб ва дорои 217 ҷойи нишаст буда, ба устодону таълимгирандагон хизмат мерасонад.

Донишгоҳ дорои нашрияҳои худ — рӯзномаи «Паёми донишҷӯ», маҷаллаи илмӣ-назариявии «Паёми Донишгоҳи забонҳо» ва «Машъалафрӯз» аст.

Агар шумо мехоҳед мутахассиси забондони сатҳи ҷаҳонӣ гардед, пас интихоби шумо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хоҳад буд!

Рамзи Донишгоҳ дар Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ рақами 119 муайян гардидааст.

СУРОҒАИ МО: 734019, ш. Душанбе, кўчаи Муњаммадиев, 17/6

ТЕЛ.: (992 37) 232 50 00; 232 50 03

ФАКС: 232503

E-MAIL: [email protected]

СОМОНА: www.ddzt.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *