Сафоратхона: Муҳоҷири латукӯбшуда намурдааст
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, муҳоҷир латукӯбшудаи тоҷик аз сӯи посбони бозори “Люблино”-и шаҳри Маскав зинда аст.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба хабарнигорон гуфт, муҳоҷири латукӯбшуда зинда аст ва дар беморхонаи рақами 68-и Маскав қарор дорад: «Кормандони сафорат аз дирӯз ин қазияро пайгирӣ доранд. Ҳозир ман ҳам дар роҳ ба беморхонаам».
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон низ бо нашри як навор дар саҳифаи фейсбукияш тасдиқ кардааст, ки ҷавони латукӯбшуда зинда ва дар беморхона бистарист.
Ин дар ҳолест, ки шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ паҳн гардид, ки аробакаши латукӯбшуда дар беморхона ҷон додааст.
Иззат Амон, вакили дифои муҳоҷирони тоҷик сабаби рух додани қазияро дар он гуфт, ки гӯиё аробакаши тоҷик бидуни иҷозати посбонҳо борро бо аробааш аз як қисмати бозор ба қисмати дигар бурдааст. Дар пайи ҳодиса даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нишони эътироз назди бозор ҷамъ омада, хостори таъмини адолат ва таҳқиқи мунсифонаи қазия шудаанд. Аммо ба гуфтаи вакили дифоъ муҳоҷирони ҷамъомада боздошт гардиданд.
Дар ҳамин ҳол “Интерфакс” низ аз қавли манобеяш иттилоъ додааст, ки посбони муттаҳам дар латукӯб ба идораи пулис оварда шуда, эҳтимол аст, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ