Дар Ҳисор ҳевар янгаро 4-корд зад

Пулис аз боздошти як сокини 43-солаи шаҳри Ҳисор хабар додааст, ки дар талоши куштор муттаҳам мешавад.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дастгиршуда соати 08:00-и 20 сентябр дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари бародараш муноқиша намуда, ба бадани вай бо корд чор маротиба мезанад: Дар натиҷа ҷабрдидаи 24-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”.

Манбаъ меафзояд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *