Сагу гурбаҳои бесоҳиб «соҳиб» ёфтанд
Садҳо сагу гурбаи бесоҳиб дар Туркманистон дар арафаи Бозиҳои осиёӣ, ки моҳи сентябр оғоз мешаванд, сарпаноҳ ёфтанд. Дар ин кишвар бори аввал паногоҳи расмии ҳавонҳои бесоҳиб таъсис ёфт. Ин паногоҳро сокинони маҳаллӣ дар наздикии шаҳри Ишқобод таъсис доданд.
Ба иттилои расонаи «Нейтралний Туркменистан», паноҳгоҳ аз давлат кумак дарёфт карда, мақомот ҳамчунин ваъда додаанд, ки барои тавсеаи он замин ҷудо хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир, дар он ҳудуди 100 саг ва 50 гурба нигаҳдорӣ мешавад.
Паногоҳ дар ҳоле боз шуд, ки ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонҳо маъракаи мақомоти Ишқободро барои маҳви сагу гурбаҳои бесоҳиб дар остонаи Бозиҳои осиёӣ, шадидан маҳкум карданд. Туркманистон ба 5-умин Бозиҳои осиёӣ, ки аз 17 то 27 сентябри соли равон дар пойтахти ин кишвар баргузор хоҳанд шуд, омодагии ҷиддӣ мебинад.
Мақомоти туркман ҳатто фурӯши нӯшокиҳои спиртиро то анҷоми бозиҳо манъ карда, аз маҳбусони пешин талаб намуданд, ки ба маҳалли баргузории чорабиниҳо наздик нашаванд. Кӯча ва хиёбонҳои Ишқобод ҳам аз талбандаҳо «пок» карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ