Рафоат — Тоҷикистон

 Лабҳои ту

Ҳар қадар дузданд эҳсоси маро,

Боз ҳам ҷону дилам лабрези туст.

Боз мехонам суруди ишқро,

Чун саропоям ҳама лабрези туст.

 

Эй лабонат ташнаи лабҳои ман,

Эй лабонам ташнаи лабҳои ту.

Кӣ ба сар орад дили пуроташам,

Як шаб андар бистари шабҳои ту.

 

Боз лағзад бори дигар дар пайкарат,

Ин лабони ташнаи ман бо ниёз.

Маст гардам аз шароби чашми ту,

Шеър хезад аз дили пур аз гудоз.

 

Панҷаҳоям ҳамчу мори оташин,

Боз печад бар сару пову танат.

Дастҳоям аз сари меҳру вафо,

Ҳалқа созам боз андар гарданат.

 

Ҳамчу абри оташини фасли ишқ,

Гарм-гармак бӯсаборонат кунам.

Аз шароби соғари лабҳои хеш,

ошиқу масту парешонат кунам.

 

Мурғи қалбат бо дили ман пар кашид,

То фарози авҷҳои фарнишин.

То канори кишвари афсонаҳо,

То миёни мавҷҳои оташин.

***

 Фасонаи зебо

Мову шаробу шеъри тару ёди рӯйи ёр,

Ин беҳтарин таронаи зебои зиндагист.

Ин печутобу изтиробу интизори дил,

Зеботарин фасонаи зебои зиндагист.

 

Зебои ту бо тамоми ҷилваҳои хеш,

Чун захма ба тори дилам чанг мезанад.

Ёди ту баҳори шукуфони гул ба сар,

Шеъри маро ба хуни дилам ранг мезанад.

 

Ҳар сатри шеъри ман қаламе ношикастанист,

Як шуъла  з-оташи муҳаббати ман аст.

Як зарра нур з-офтоби зиндагӣ,

Як дона зи хирмани садоқати ман аст.

رفاعت — تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *